Муассисаи таълимӣ барои соли нави хониш омодагӣ мебинад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем” бахшида ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд. Муассиса барои соли нави хониш омода буда, хонандагонро дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити хуби таълим истиқбол мегиранд.Ҳамзамон бо кӯмаки омӯзгорону шахсони меҳнатдӯст гирду атрофи муассиса  тозаву озода гардонида шуда, бехи дарахтон нарм ва аз  алафҳои бегона тоза карда шуд.