Боғча ҷои муқаддас чун хона ба ҳисоб меравад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯдакистон, боғча даргоҳест, ки ба тарбияи комили насли наврас таҳкурсии мустаҳкам мегузорад. Зиннаи авали тарбияро кӯдак дар оила гузошта, дар боғча онро давом дода, мустаҳкам ва пурра мегардонад. Боғча ҷои муқаддас чун хона ба ҳисоб меравад, зеро дар ин даргоҳ кӯдакон тарбия ва таълим гирифта ҳаматарафа инкишоф меёбанд. Барои инкишофи ҳаматарафаи кӯдак бояд шароитҳои хубро муҳаё намуд.Бо мақсади муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия барои кӯдакон муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и бо номи “Бобуна”-и ноҳияи Восеъ корҳои созандагиву бунёдкориро ба итмом расонид. Дар айни замон кӯдакон дар ҳуҷраҳои кушоду барҳово, тозаву озода, бо тамоми шароитҳо ва бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонидашуда, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.