МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ ОМОДААНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо фаро расидани соли нави таҳсил корҳои таъмирӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён вусъати тоза касб намуда, бинои мактабҳо ва синфхонаҳо таъмир ва рангубор карда мешаванд. Чунин иқдом дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 низ бо маром идома дошта, маъмурияти мактаб азм доранд, ки бинои муассиса ва синфхонаҳоро то 1 сентябр таъмири хушсифат намоянд. Дар ин кор саҳми аъзову тарафдорони ҲХДТ ва Кумитаи падару модарон хеле назаррас мебошад.