ХОЛАИ ТРАКТОРЧӢ ОМАД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Зиёда аз 24 сол дар соҳаи хоҷагии халқи ноҳия ронандаи трактор шуда, фаъолият кардам. Падарам тракторист буд, субҳи барвақт маро ҳамроҳаш гирифта, ба саҳро барои шудгори заминҳо мерафт. Баъд аз хатми мактаби миёна ба курси ронандагӣ дохил шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ  гардидам. Бо ҷавоне хонадор шудам, ки ҳамкасби худам буд ва ҳар рӯзамон дар саҳро сипарӣ мешуд, мегӯяд Раҷабгул Сафармуродова.

ШАБ ДАР ВАГОНУ РӮЗ ДАР САҲРО

Раҷабгул Сафармуродоваи 72 сола зодаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон. Аз соли 1977 то ин ҷониб дар ноҳияи Носири Хусрав, гармтарин минтақаи Хатлон зиндагӣ мекунад. Сабаби кӯч бастани ӯ бо хонаводааш ба ноҳияи мазкур ин ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои ноҳамвору қамишзор ва обод кардани як гӯшаи диёри мамлакат буд. Ба гуфтаи ин зани турк-мантабор ноҳияи Носири Хусрав дар солҳои 1978-1979 савхози ба номи Ҳувайдуллоев буд. Дар он солҳо касе дар онҷо зиндагӣ намекард. Бо гузашти солҳо, ки мардум ба онҷо омаданду хона бунёд карданд, унвони ноҳияи Бешкент  ва баъдан ноҳияи Носири Хусравро касб намуд.

«Ману шавҳарам ҳарду дар ноҳияи Қубодиён ронандаи трактор (механизатор) будем. Аз субҳи барвақт то ғуруби офтоб дар саҳро ба шудгори заминҳо, дорупошӣ, шинонидани зироату ғалладонагиҳо ва амсоли инҳо машғул будем. Соли 1977 раиси колхози ҳамонвақтаи Қубодиён кори моро дида, барои рафтан ба ноҳияи Носири Хусрав роҳхат дод. Он солҳо касе дар онҷо набуд. Ману шавҳарамро дар як вагон ҷой карданд. Шаб дар вагону рӯз дар саҳро будем»,-нақл мекунад Р. Сафармуродова.

МАРДУМ: «ХОЛАИ ТРАКТОРЧӢ ОМАД»

Хонум Сафармуродова мегӯяд, ки он солҳо қисми зиёди заминҳои ноҳияи Носири Хусрав ғору қамишзор буданд. Ҳамроҳи шавҳараш шабу рӯз ба ҳамвор кардану кишт кардани онҳо машғул шуданд. Заминҳо низ обёрӣ шуданд. Аз меҳнати ҳалол хона бунёд карданд. Бо гузашти солҳо шумораи аҳолӣ торафт зиёд шудан гирифт.
 

«Гощҳо тракторам дар миёни замин вайрон мешуд. Шавҳарам онро таъмир мекард. Ман ба кори ӯ дицқат медодам, то ки дар ҳолати набудани вай худам соз карда тавонам. Борҳо ба чунин ҳолат гирифтор шудам. Занону духтарон ва ҳатто мардҳо маро медиданд мегуфтанд, ки ана холаи тракторчӣ омад. Агарчи синну солам ба 72 расида бошад ҳам, дар набудани бачаҳо худам заминро бо трактор шудгор мекунам»,-ба ёд меорад қаҳрамони мо.

«МАРО ДАР РОҲ САНГБОРОН КАРДАНД»

Трактор рондани занҳо барои бисёриҳо шармовар гуфта мешавад, гӯё он кор хоси мардҳо аст, на занҳо. Дар замони Шӯравӣ низ Раҷабгул Сафармуродова барои рондани трактор мавриди таҳқири  занон қарор гирифта буд. Вале ин воқеа ба кори ронандагии ӯ чандон нахӯрд. 24 соли умри пурбаракати хешро ба рондани трактор бахшидааст.

«Соли 1974 буд, аз дарё бо трактор санг меовардам. Зан трактор меронад гуфта, занҳо маро дар роҳ сангборон карданду шарманда гуфтанд. Ман чизе нагуфтам. Чанд маротиба рафтаму омадам, дар ниҳоят онҳо бо ман дӯст шуданд ва бароям хӯрок оварданд»,- мегӯяд Раҷабгул Сафармуродова.
 

АГАР НАРХИ ДОРУҲОИ АЗОТӢ АРЗОН БОШАД…

Баъд аз ба гардиш даровадани заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Носири Хусрав соли 1992 холаи Раҷабгулро ба ҳайси бригадир дар масоҳати зиёда аз 100 гектар замин таъин карданд. Ҳудуди 15 сол бригадирӣ кард. Дар он  солҳо сокинони ноҳияро ӯзбектаборон ташкил медоданд. Тамоми марду занҳоро ба кори саҳро даъват карда, ҳар ваҷаб замини корамро самаранок истифода мебурданд. Замин ягона манбаи даромади сокинон дониста мешуд. Тамоми зироату полезиро мардум дар заминҳо кишт мекарданд.

Қаҳрамони мо холаи Ра-ҷабгул Сафармуродова соли 2005 дар масоҳати беш аз 8 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ ташкил кард. Ҳамасола дар заминаш пахта, гандум, тарбузу харбуза, помидору бодиринг, картошкаю пиёз, сабзӣ, шолӣ, маккаи дон ва лӯбиёгӣ кишт мекунанд. Замин ягона манбаи даромади хонаводаи Сафармуродовҳо мебошад. «Замин меҳнати зиёдро талаб мекунад. Дар сари замин бошишгоҳ дорем, ки барои гирифтани ҳосили хуб шабу рӯз он ҷо мемонем ва заҳмат мекашем. Мушкили имрӯзаи соҳаи кишоварзӣ гарон будани нархи доруҳои азотӣ ва сӯзишворӣ мебошад. Агар нархи онҳо паст бошад, маҳсулот низ дар бозорҳо арзон фурӯхта мешавад»,-мегӯяд деҳқонзан.
 

Носири Хусрав аз гармтарин ноҳияҳое дар вилояти Хатлон аст, ки дар тобистон ҳарорати ҳаво наздик ба 50 дараҷа мерасад. Бо вуҷуди гармиҳо деҳқонону кишоварзон ҳар дақиқаи вақташонро дар саҳро ба корҳои кишоварзӣ сарф мекунанд. Меҳнати шабонарӯзии аҳли хонаводаи холаи Раҷабгул Сафармуродова нишон медиҳад, ки рӯзҳои наздик ҷамъоварии пахтаро оғоз мекунанд.

ЗАНИ БОДАВЛАТ

Қаҳрамони мо холаи Раҷабгул Сафармуродова 7 фарзанд, 5 писару 2 духтар ва 28 набераву 8 абера дорад. Мегӯяд, зани бодавлат аст, ки Худованд ӯро лоиқи ин қадар фарзанду набера гардонидааст.  Ҳама  аҳли хонавода дилгармонаву сарҷамъона баҳри таъмини рӯзгор ва беҳбуд бахшидани зиндагияшон ҳар порча заминро самараноку оқилона истифода бурда истодаанд.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»