ШИРИ МОДАР КАФИЛИ СОЛИМИИ КӮДАК

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Шири модар барои кӯдаки навзод беҳтарин ғизо арзёбӣ мегардад, вале баъзе модарони ҷавон дар бораи аҳамияти он маълумоти кофӣ надоранд.

Мавлуда Собирова, духтури кӯдаконаи Маркази саломатии шаҳри Бохтар иброз медорад, ки дар лаҳзаҳои аввали ба дунё омадани тифл табибон ӯро, ба рӯйи синаи модар мегузоранд, то ин ки ҳарчӣ зудтар аз шири модар баҳравар гардад.
Шири модар ба аксарияти бемориҳои кӯдакон, аз қабили дарунравӣ ва бемориҳои гӯш шифобахш мебошад. Имрӯзҳо дар баъзе ҳолатҳо ба мушоҳида мерасад, ки бархе аз модарон ба кӯдакон шири сунъӣ медиҳанд, ки он ҷойи шири модарро гирифта наметавонад, - мегӯяд Мавлуда Собирова.  Бинобар ин, бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ширмаконӣ ба тифлони навзод мутахассисони Маркази мазкур дар байни модарони ҷавон корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият мебахшанд.

МАНФИАТИ ШИРИМОДАР ТО ШАШМОҲАГИИ КӮДАК

Ба андешаи Мавлуда Собирова  дар 6 моҳи аввали ҳаёт шири модар барои тифлони навзод беҳтарин ғизо маҳсуб меёбад. Зеро шири модар аз лиҳози таркиб ва таносуби моддаҳои ғизоӣ ва хусусияти узвҳои ҳозимаю мубодилаи моддаҳо дар вуҷуди тифлакони навзод дар давраи инкишофашон мувофиқат мекунанд.

Пас аз ба дунё омадани тифл шири модар як чанд рӯз  фалла мешавад, ки  он  дар таркибаш сафеда, намак ва чарбуи зиёд дорад.  Ҳамчунин, шири модар аз аминокислотаю витаминҳо ғанӣ буда, кӯдакро аз бемориҳои шадиди роҳи нафаскашӣ, бемориҳои меъдаю рӯда эмин нигоҳ медорад. Дар фалла, ҳамчунин, путтанҳо, яъне моддаҳое, ки кӯдакро аз бемориҳои гуногун эмин нигоҳ медорад, фаровон аст. Бинобар ин модаронро зарур аст, ки  ҳама давраҳои ширмаконии тифлони навзодро дуруст риоя намоянд.

ТАЪСИРИ ШИРИ СУНЪӣ БА КӮДАКОН

Аксарияти модарон бо сабабҳои гуногун ба кӯдакони худ шири сунъӣ медиҳанд, ҳол онки шири модар сарчашмаи ҳаёти кӯдак ба шумор меравад. Беҳтарин роҳи ҳифзи саломатии кӯдак ин истеъмоли  шири модар ба ҳисоб меравад. Модароне, ки кӯдакони худро шири сунъӣ медиҳанд, хусусан, агар шири сунъӣ дар ҳолати бади гигиенӣ омода  шуда бошад, кӯдаконро ба ҳаргуна бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда ва аллергия гирифтор мешаванд.
 

Омехтаҳои ширӣ баъзан омилҳои дигар дорад, аз қабили фарбеҳшавии аз ҳад зиёди кӯдакон мегардад.  Барои ҳар як модар саломатии фарзанд аз ҳама ганҷи дунё беҳтар аст. Бинобар ин, бояд кӯдакро бо шири модар таъмин намуд. Зеро моддаҳое, ки ба организми модар дохил мешавад, ба шир мегузарад. Агар модарон ҳамарӯза аз ғизои солим истифода намоянд, он ба воситаи шир ба кӯдак мегузарад. Аз ин лиҳоз, занонро лозим аст, ки ба тифли ширмакдошта ҳатман ба таркиби ғизои истеъмол мекардагияшон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд,- иброз медорад ҳамсубати мо.
 

Инсон дар тӯли ҳаёти худ танҳо як маротиба имкон дорад, ки аз шири модар фаровон истеъмол намояд, ин ҳам бошад, дар давраи то 2-солагӣ  тифлон мебошад. Бартарияти шири модар дар он зоҳир мегардад, ки он барои истеъмоли тифлон ҳамеша тайёр аст, ҳаргиз вайрон ё турш намешавад ва барои тифл беҳтарин ғизо дониста мешавад.
 

Набояд фаромӯш кард, ки шир-маконӣ на танҳо ба кӯдакон аҳмияти ҷиддӣ дорад, балки он  ба саломатии модарон низ манфиатнок буда, ҳамзамон бо шири пистон ба воя расонидани тифл солимии занро ҳифз намуда, модарро аз бемориҳои хунравӣ баъди таваллуд, камхунӣ, ҳамли номатлуб, саратони сина ва тухмдонҳо, дарди устухонҳо  эмин нигоҳ медорад, изҳор дошт  Мавлуда Собирова.

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС
ДОИР БА ШИРМАКОНӢ

Табибони момодоя ба модарони ҷавон тавсия медиҳанд, ки аз модарону бибиҳои рӯзгордида оид ба тарзи дурусти шир додани тифлон маслиҳат гиранд, зеро баъзе модарони ҷавон оид ба тарзи дурусти ширмаконӣ маълумоти кофӣ надоранд.
Дар воқеъ, ғизои асосии тифлони навзод шири модар аст ва кӯдак танҳо тавассути ғизои дурусту солим нерӯ гирифта ташаккул меёбад ва ҳамчун шахсият ба камол мерасад. Барои солим ба воя расонидани фарзанд модарон дар як рӯз бояд тифли навзодро 8-10 маротиба шир маконанд ва давомнокии ширмаконӣ бояд, ки на кам аз 15-20 дақиқа бошад.

 

Дар мавриди додани шири сунъӣ Мавлуда Собиров таъкид дошт, ки аксарияти модарон қоидаҳои гигиениро риоя намекунанд. Аммо дар ҳолатҳои зарурӣ бояд зарфҳои барои омода намудани шири сунъӣ хуб тозаву тамиз карда шавад. Зеро баъзан ҳолатҳо бинобар риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ  кӯдакон ба ҳаргуна бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд. Новобаста ба ҳама табиби соҳибтаҷриба ба модарон тавсия медиҳад, ки лоақал дар 6 моҳи аввали ҳаёт ба тифлони худ шири сунъӣ надиҳанд.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”