САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА ШАҲРИ УФАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иҷрои нусха аз Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2023, № 6 ҷиҳати ташкил намудани гурӯҳи корӣ оид ба боздид, омӯзиши вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо рӯзҳои 7 - 11 -уми августи соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ дар ҳайати сиёсатшиносону фаъолони ҲХДТ ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ба 5 минтақаи Федератсияи Россия сафари корӣ доир намуданд.

Дар ин гурӯҳҳои корӣ ҳафт нафар фаъолони ҲХДТ низ шомил буданд. Аз ҷумла, як гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва аъзои гурӯҳ Муродзода Нуралӣ Умаралӣ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматҷонов Бахтиёр, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Аюбзода Шоҳхусрав, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон сафари корӣ анҷом доданд.

Фаъолияти гурӯҳи корӣ аз вохӯрӣ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур ва кормандони масъули Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия, ки дар маркази Ҷумҳурии Бошқирдистон маскун гардидааст, оғоз гардид. Дар ин вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Темур Раҳимов ва кормандони консулгарӣ оид ба вазъ ва буду боши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва донишҷӯёну дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, иттилоъ дод. Тавре, ки Темур Раҳимов зимни суҳбат бо гурӯҳи корӣ иброз дошт, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар шаҳрвандони дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон ва дар дигар минтақаҳои зери назорати ҳавзаи консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия қарордошта зери таваҷҷуҳи консулгарӣ ва сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тамоми муроҷиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ саривақт баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои пешниҳодшаванда кормандони консулгарӣ мусоидат менамоянд.
 

Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ҳавзаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия 14 минтақаи Федератсияи Россия, аз ҷумла 6 ҷумҳурӣ ва 8 вилояти Федератсияи Россия шомил мегардад.
Зимни суҳбату вохӯрӣ аъзои гурӯҳи корӣ аз вазъи утоқҳои корӣ, фаъолияти кормандон ҷиҳати қабули шаҳрвандон шиносоӣ пайдо намуда, ба якчанд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳалли масъалаҳои буду боши худ ба Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия дар ҳамон лаҳзаҳо муроҷиат намуда буданд, суҳбат карда, аз онҳо дар бораи фаъолияти кормандони консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа пурсон шуданд.

Шиносоӣ аз вазъи фаъолияти  муҳоҷирони меҳнатии
тоҷик  дар бозори “Евразия”

Дар идомаи сафари корӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – аъзои гурӯҳи корӣ аз фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар маркази савдои “Евразия”-и шаҳри Уфа дидан намуданд. Зимни суҳбати ошкоро бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик маълум гардид, ки  дар ин маркази савдо зиёда аз ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо кору фаъолият доранд. Дар рафти суҳбат ҳамватанон миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии доимиашон ба муҳоҷирони меҳнатӣ расониданд. Қобили зикр аст, ки роҳбарии Маркази савдои “Евразия”-ро соҳибкорони муваффақи тоҷик Икромов Фурқат, бар зимма дорад.
 

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии гурӯҳи корӣ бо зиёда аз 500 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид. Дар рафти суҳбат роҳбари гурӯҳи корӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қайд намуд, ки гурӯҳи корӣ бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шудааст. Мақсад аз ташкили гурӯҳи корӣ оид ба боздид, омӯзиши вазъи буду боши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Дар идомаи суҳбат Саидзода Ҷамшед Ҳамро қайд намуд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зери таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳангоми суҳбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик оид ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, тадбирҳои андешидаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати ободкорӣ, созандагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ оид ба як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар ин давра қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони кишвари азизамон маълумот  доданд. Аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик даъват ба амал оварда шуд, ки ҳуқуқҳои худро хуб донанд ва ҳамзамон қонунҳои кишвари иқоматро риоя намуда, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии муҳоҷирони ҷавони кишвари худ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию экстремистӣ саҳмгузор бошанд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин, корманди Кумитаи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Нуралӣ оид ба вазъи хатарзои ҷаҳони имрӯза, фаъол гардидани ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои тундраву ифротӣ, мағзшӯии ҷавонон аз ҷониби онҳо ва зарурияти пешгирии ҷавонон ва тамоми мардуми кишвари азизамон, хосатан муҳоҷирони меҳнатии тоҷики берун аз Тоҷикистон қарордошта ибрози андеша намуд. Мавсуф аз муҳоҷирони кории тоҷик даъват ба амал овард, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, сулҳу суботи кишвар, тинҷиву оромӣ ва осудагии Тоҷикистони азизро, ки бо талошу заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, барои рушди ояндаи кишварамон саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Зикр гардид, ки муҳоҷирони корӣ бояд оид ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои тундраву ифротӣ, ки фаъолияташон тибқи қонунгузориҳои кишварамон ва дар қонунгузории Федератсияи Россия низ манъ карда шудааст, маълумоти кофӣ дошта, роҳ надиҳанд, ки ҷавонони мо фирефтаи ин гуна ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои хатарзо гардида, ҳаёти худро барбод диҳанд. Дар ҷодаи мубориза бо гурӯҳҳои хатарзо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ барои ҳамкорӣ намудан бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамеша омодаанд.
 

Баъдан, Аюбзода Шоҳхусрав, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии ҷавонон, алалхусус донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳои тоҷик, ки дар Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба муҳоҷирон ҳамеша омода аст.  Дар идомаи суҳбат бо муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Уфа ҳамчунин Исматҷонов Бахтиёр, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт, ки дар доираи ҳамкориҳо бо падару модарон ва пайвандони муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд зиндагонӣ ва фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, омодаанд масъалаҳои ҳалталаби ҳамватанони худро пайгирӣ намоянд.
 

Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбари Маркази миллии фарҳангии тоҷикон ба номи Исмоили Сомонӣ дар Ҷумҳурии Бошқирдистон, яке аз муассисон ва роҳбари бозори “Евразия” Фурқат Икромов ба сухан баромада, аз номи худ ва аз номи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили гурӯҳи корӣ ва боздид намудани он аз шароити буду боши ҳамватонони берунмарзӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
 Мавсуф изҳор дошт, ки бо шарофати қадами мубораки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 ба шаҳри Уфа ва бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи аз байн набурдани бозори “Евразия” бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҳаллу фасл гардида, то имрӯз зиёда аз 1000 нафар тоҷикон дар ин маркази савдо кор карда, рӯзгори оилаҳои худро таъмин мекунанд.

 

Дар идомаи сафар гурӯҳи корӣ  бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони Ҳавзаи Приволжияи Федератсияи Россия суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, роҳбари гурӯҳи корӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро роҷеъ ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Роҳбари олии кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷиронамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ якчанд консепсияву қонунҳо, алалхусус дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ қабул шудааст.
 

Зимни суханронии гурӯҳи корӣ оид ба нақш ва вазифаҳои диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россия дар муттаҳидсозии тоҷикони берунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, пешгирии ҷавонони тоҷики муқими ин кишвар аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тундрав, экстремистиву террористӣ ва расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои буду бош, инчунин гирифтани иҷозат барои кор дар Россия ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар табақаи осебпазир ҷойгир буда, аз роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳамкориҳо дар самти муборизаи беамон бо терроризму экстремизм тақвият бахшида шаванд.
 

Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби як қатор роҳбарони диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикони ҳавзаи ҳудуди Приволжия оид ба беҳтар намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ густариши ҳамкориҳо бо ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамдиди муҳлати ба қайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили хатсайрҳои иловагии ҳавоӣ изҳори андеша намуданд. Аз ҷумла, муовини Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони Уляновск “АЗИЯ” – Каримов Камолиддин пешниҳод намуд, ки бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҷинояткорӣ, кашфи истеъдодҳои нав аз ҳисоби озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҳар номинатсия як ҷойи барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷудо карда шавад. Соҳибкорон ва фаъолоне, ки пайваста ба пешрафти кори ҷамъиятҳои тоҷикон, нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ кумак мерасонанд, аз тарафи мақомотҳои Тоҷикистон бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадр карда шаванд. Барои аз байн бурдани матни ихтисоси муҳоҷирон аз Патент бо мақомоти Федератсияи Россия гуфтушунид карда шавад. Блогерони тоҷике, ки дар қаламрави Федератсияи Россия зиндагӣ мекунанду бо суханони бад ба номи миллати тоҷик доғ меоранд, зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гирифта шаванд.

Вохӯрӣ бо намояндагони Маркази сершуғли
муҳоҷират ва ВКД дар Ҷумҳурии  Бошқирдистон

9 августи соли 2023 ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон - Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ҳайати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи Приволжия дар шаҳри Уфа аз Маркази сершуғли муҳоҷирати Ҷумҳурии Бошқирдистон дидан намуданд.
 

Дар ин рӯз дар бинои Маркази сершуғли муҳоҷирати Ҷумҳурии Бошқирдистон вохӯрии гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Бошқирдистон, Руслан Скорняков, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа, Виталий Дудко, муовини аввали Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Андрей Резниченко, директори филиали Хадамоти шиносномавию раводиди Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон, Михаил Марвано баргузор гардид.
 

Дар рафти вохӯрӣ роҳбари ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Ҷамшед Ҳамро оид ба ғамхориҳои роҳбарони давлатҳо дар самти беҳтар намудани будубоши муҳоҷирон  изҳори андеша намуда, аз ҳамкориҳои ҷамъиятҳои тоҷикони ҳудуди ҳавзаи Приволжия бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ва Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии ин кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.
 

Боиси хушнудист, ки иштирокчиёни вохӯрӣ аз ҳисоби мақомоти қудратии Федератсияи Россия, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва ҳам Раёсати ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа нисбат ба қонунвайронкуниҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин минтақа шикоят надошта, нисбат ба муҳоҷирони мо, консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва роҳбарони диаспораҳо назари мусбӣ доштанд. Гуфта шуд, ки то имрӯз аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ягон ҷинояти вазнин ба қайд гирифта нашудааст ва тартиботи ҷамъиятӣ низ аз тарафи онҳо вайрон нагардидааст.
 

Чуноне,  ки  сартабиби  Маркази  сершуғли муҳоҷирати Ҷумҳурии Бошқир-дистон  изҳор дошт, дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон духтурони ботаҷриба ва имконияти васеи гузаронидани муоинаи тиббии аҳолӣ, алалхусус муҳоҷирони меҳнатии тоҷики ба Федератсияи Россия сафаркунанда мавҷуд буда, натиҷаи муоинаи тиббии духтурони тоҷик дар Федератсияи Руссия пазируфта мешавад. Аз ин рӯ, бигзор муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пеш аз сафар баромадан варақаи духтурии худро дарёфт намуда, дар он тамоми муоинаҳои тиббии гузаштаи худро дарҷ намуда, гирифтори касалиҳои вирусӣ ё сироятии гузаронидаи худро пинҳон накарда, баъдан ин варақаи пуркардаи худро ҳамроҳашон дошта бошанд, то ин ки ҳангоми будубош дар қаламрави Федератсияи Россия зарурат ба ташхису  муоинаи тиббии иловагӣ надошта бошанд.
    
Боздиди гурӯҳи корӣ аз Донишгоҳи
давлатии нефту техникии шаҳри Уфа

 
Дар идомаи сафари корӣ рӯзи 9-уми август намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии нефту техникии шаҳри Уфаи Федератсияи Россия боздид намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин Донишгоҳ зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон бо донишҷӯён ва ҳайати профессорону устодони ин донишгоҳ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуда буданд. Дар ин вохӯрӣ роҳбарияти Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони Профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии нефту техникии шаҳри Уфаи Федератсияи Россия сарфароз гардониданд.

 

Тавре, ки ректори Донишгоҳи мазкур номзади илмҳои техникӣ, дотсент Баулин Олег Александрович зимни суҳбат бо гурӯҳи корӣ изҳор дошт, ин муассисаи олӣ, ки имсол 75-солагии таъсисёбии он ҷашн гирифта мешавад, барои 56 минтақаи Россия ва 52 давлати ҷаҳон мутахассисони соҳибтаҷрибаро тайёр мекунад. Зимни боздид аз Донишгоҳ меҳмонон аз синфхонаи алоҳидаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои замонавӣ ва ороиши санъати баланди меъмории тоҷикӣ дидан намуданд, ки симои дохилии онро рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расми  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маълумотномаҳо оид ба пайдоиши давлати Сомониён ва инчунин, расмҳои шоиру нависандаҳои тоҷик ва олимони шинохтаи қадимаи тоҷик бо маълумот дар бораи эҷодиёту ихтирооти онҳо оро медод.
 

Зимни суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи мазкур зикр гардид, ки ба роҳ мондани чунин сафарҳои кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳои минбаъда, шиносоӣ аз шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик ва ҳалли масъалаҳои мубрами онҳо нақши муҳим дорад.
 

Дар воқеъ, чунин вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо мақсади таҳсил ва фаъолиятҳои гуногун дар хориҷи кишвар кору зиндагонӣ доранд, руҳияи ҳамватанони моро қавитар гардонида, бо ин васила онҳо аз дастгириҳои доимии роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам иттилоъ пайдо мекунанд ва меҳру муҳаббаташон ба Ватан ва кишвари азизамон боз ҳам бештар мегардад.

Саидзода Ҷ. Ҳ, Роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ  дар вилояти Хатлон