20 НАФАР ГИРАНДАИ ДИПЛОМИ АЪЛО

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Иброҳим Мусозода, директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар зимни нашасти хабарӣ иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди донишҷӯёни муассисаи мазкур 3 ҳазору 222 нафарро ташкил медиҳад, ки дар гурӯҳҳои буҷавӣ 619 ва шартномавӣ 2 ҳазору 603 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.
 

Давоми солҳои таҳсили 2022-2023, 937 донишҷӯ муассисаи давлатиро хатм намудааст, ки аз ин шумора 632 донишҷӯ ба таҳсили  рӯзона ва 305 нафар ба таҳсили ғоибона фаро гирифта шуда буд. Аз шумораи умумии хатмкунандаҳо 20  нафари онҳо бо дипломи аъло коллеҷи номбурдаро хатм намуданд. Аз шумораи 3 ҳазору 222 донишҷӯ 26 нафари онҳо ятими кулл, 33 нафар имконияти маҳдуддошта ва 158 нафарашонро нимятим  ташкил медод.
 

Бояд гуфт, ки дар коллеҷ барои будубоши донишҷӯдухтарон хобгоҳ фароҳам оварда шудааст. Хобгоҳ иборат аз 65 ҳуҷра буда, дар он 156 нафар духтароне, ки аз минтақаҳои дурдаст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, иқомат мекунанд.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,"Ҳамрози халқ"