ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲҲО ДАР ШАҲРИТУС

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳамасола аз ҷониби мақомоти маҳаллии   ин   ё   он шаҳру ноҳия барои таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва аҳамияти байналмилалӣ дошта  маблағҳои   муайяне ҷудо мегардад.  Дар  шаш  моҳи соли 2023 дар ноҳияи Шаҳритус аз тарафи Ҳуку-мати кишвар ба масофаи 1,2 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи як миллиону 650 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шудааст.
 

Инчунин, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ дар ҳамин давраи соли равон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 104 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидаву сарф шудааст. Ин нуктаро Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус зимни нишасти хабарӣ ироа дошт. Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шаҳритус 38,7 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 94,7 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуд мебошад. Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоату деҳоти ноҳия ба маблағи 407 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ ва мумфарш карда шуданд.
 

Қудратулло Розиқов, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шаҳритус дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки аз тарафи соҳибкорону сокинони маҳал боз дар ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинов 400 метр роҳи маҳаллӣ асфалтпӯш мешавад. Дар ҳудуди ноҳия тақрибан 6 киллометр роҳҳои маҳаллӣ ба таъмири асосӣ ниёз доранд, ки дар доираи имкониятҳои ба даст омада, таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.
 

Инчунин, ӯ афзуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон 4 пул бо дастгирии соҳибкорону сокинон таъмиру азнав-созӣ гардиданд.

Амонҷон Муҳиддинов,
“Ҳамрози халқ”