498 ИНШООТИ СОХТАШАВАНДА ДАР ЁВОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми сармоягузориҳо ҳамагӣ 29 миллиону 62,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  5 миллиону  44 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, раиси ноҳияи Ёвон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
 

Ба гуфтаи ӯ  фондҳои асосӣ ба маблағи 7 миллиону 956,1 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки ин нисбатан 15 миллиону 371,9 ҳазор сомонӣ кам аст. Дар масоҳати 2 ҳазору 407 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқома-тӣ мавриди исти-фодабарӣ қарор дода шудааст, ки 16 ҳазору 91 метри мураббаъ кам мебошад. Иҷрои корҳои пудратӣ ба 14 миллиону 298,2 ҳазор сомонӣ баробар гардида, нисбатан 8 миллиону 397 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
 

Бо мақсади истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то соли 2026 дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 498 иншооти соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, коммуналӣ ва роҳдорӣ ба нақша гирифта шудааст. Бахтиёр  Шарифӣ, дар идома қайд кард, ки аз шумораи 498 иншооти ба нақша гирифта шуда, то ин ҷониб 73 адади онҳо мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимондаи иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

Зебо Икромзода,

"Ҳамрози халқ"