ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ТАШКИЛОТИ  ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҶАВОНӢ”-ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ободиву хуррами шиори ҳамешагии мост!

Мардуми тоҷик аз қадим то ба имрӯз ҳамчун мардумони бо нангу ор ва соҳибтамаддун шинохта шуда, баҳри рушд ва пешрафти давлтадорӣ талоши ҳамаҷониба намуда, аз худ номи неке боқӣ гузоштаанд, ки имрӯзҳам рисолати созандаву ободкоронаи онҳоро насли далеру закӣ ва ҳушманди миллати тоҷик давом дода истодаанд.

Аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон пайваста баҳри сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист, гирду атроф, биноҳои корӣ, кӯчаву хиёбонҳо, деҳаву маҳаллаҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ нақши бориз гузошта, чун пайравони мактаби бунёдкоронаву ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти шаҳрвандии худро иҷро намуда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин амалҳои неки созандаву бунёдкорона, ки ҳамчун ташаббусҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандози гардидааст, масъулияти бузургеро талаб месозад, то ин ки ҳар як ҷонибдори ҲХДТ бо дасту дили нияти пок баҳри пешравии ҳар як гӯшаи диёр саҳми муносиб гузорад.

Баҳри дарки амиқ ва роҳандозии ташаббусҳои ҳизбӣ аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонӣ” зери шиори “Тозагӣ баҳри солимии мост”!иқдоми неку саривақти гирифта, саҳми хешро дар тозагии муҳити атроф гузошта истодаанд.