АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ 02615

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Ёвон дар шаҳри Душанбе   дар  қисми низомии шаҳри Душанбе ва аз ҳама муҳим сарбозони ноҳияи Ёвон, ки дар ин қисми низомӣ хизмат менамоянд, аёдат гардиданд. Узви кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ ба қисми низомии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташриф оварданд.

Раиси ноҳияи Ёвон тамоми афсарону сарбозони ин қисми низомиро барои адои хизмати содиқона ва ҳимояи манфиату давлат барору комёбӣ таманно намуд.

Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои афсарону сарбозон дастархони идона, барномаи фарҳангию фароғатӣ ва мазҳакавӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.