САҲМИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ДАР ОБОДИИ ДИЁР

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар маркази ноҳияи Муъминобод корҳои созандагию ободонӣ  аз ҷониби сокинон бо маром идома доранд. Дар доираи ин иқдом  бо мақсади ҳиссагузорӣ дар пешрафту ободии диёр аз ҷониби аъзою кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони Ҷамоати шаҳраки  ноҳияи Муъминобод ва дастгирию роҳнамоиҳои бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф  роҳи  мазкур ҳамвор ва сангфарш карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки сокинони ноҳияи Муъминобод бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки дар ободиву пешрафти ноҳия саҳмгузор бошанд, то ба ин васила тавонанд, ки дар рушду нумуи як гӯшаи кишвари азизамон нақши арзандаи хешро гузошта бошанд.

.