ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бояд зиндагӣ кунад, бевосита ба чизе эхтиёҷ дорад. Агар барои инсон пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку пӯшок ва тансҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, пеш аз ҳама мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани ҳамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулҳои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Бинобар ин сабаб муқаддасу пок ва азизу гиромӣ доштани мактаб қарзи хар як инсони соҳибхирад аст.Вобаста ба ин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз ҳолати таъмири муассисаи таълимии №19-и ноҳия дидан намуданд. Дар Муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии №19-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ дар доираи ташаббуси “Мактаби ман” корҳои ободонӣ ва аз таъмир баровардани муассиса барои соли хониши 2023-2024 ба охир расидааст. То имрӯз ҳамаи синфхонаҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуда, барои соли хониши нав пурра омода аст.