ХАТКАШОН МЕОЯД!?

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Тақозои ҷаҳони муосир аст, ки кишварҳои рӯ ба тараққиёт дар баробари таваҷҷуҳ ба рушду пешрафтҳои иқтисодӣ, фароҳамсозии ҷойи кору дигар иқдомҳо барои таъмини зиндагии шоиста мардум, ҳамзамон, ҷиҳати  баланд бардоштани маърифатнокиву сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти дастгоҳҳои идеологӣ дар самти бедор намудани ҳисси  ватандӯстӣ ва дар руҳияи арҷу эҳтиром ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ тарбия намудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои судманд биандешанд.

Дар ин росто, фаъолгардонии соҳаи алоқаи почта ва беҳтар намудани шароиту имкониятҳои дас-трасии аҳолии музофоти кишвар ба матбуоти даврӣ дар мадди аввал меистад.
 

Бо дарки ин нукта тайи солҳои охир масъулони Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон бобати баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла, дас-трасии аҳолии вилоят бо рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ иқдомҳои муҳимро амалӣ намуда истодаанд. Тавре Сайдалӣ Мирзоев, роҳбари корхонаи мазкур иброз медорад, ба хотири дастрасии саривақтии мардум ба матбуоти даврӣ кормандони соҳаи алоқаи почта ҳафтае панҷ маротиба  аз пойтахти кишварамон  рӯзномаву маҷаллаҳо ва номаву бастаҳои гуногунро ба маркази вилоят расонида, аз он ҷо ба тамоми шаҳру ноҳияҳо ирсол менамоянд.
 

Ба гуфтаи мавсуф дар баробари нишондодҳои назаррас дар дигар самтҳои хизматрасонӣ, ҳамзамон кор-
мандони Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон моҳона зиёда аз 718 ҳазору 722 адад нашрияҳои гуногун аз шаҳри Душанбе ва ба  миқдори 157 ҳазору 119 адад рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашрро аз маркази вилояти Хатлон то дурдасттарин деҳу маҳаллаҳои вилоят мерасонанд. Дар иҷрои ин масъулиятҳои муҳим 197 нафар мутахассисони корозмудаи марказҳои алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳои вилоят рисолати худро содиқона иҷро карда истодаанд.

 

- Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон дар тобеияти худ 25 маркази алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо ва 148 шуъбаҳои маҳаллии алоқаи почта дошта, расонидани хизмати почтавӣ фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо арзёбӣ мегардад. Барои дар сатҳи беҳтару хубтар расонидани хизматарсониҳо дар ин самт ва фарогирии тамоми рустоҳои дурдаст мебояд, ки шумораи шуъбаҳои маҳаллии алоқаи поч-таро ба 176 адад расонид. Бояд гуфт, ки дар солҳои пешин дар тамоми марказҳои ҷамоатҳои деҳот ё хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, инчунин шуъбаҳо фаъолият доштанд. Айни замон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ бо  дастгирии  роҳбарияти  “Почтаи тоҷик” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон бо нақлиёти идоравӣ таъмин буда, шуруъ аз рӯзи душанбе то шанбеи ҳафта, ҳаҷми ниҳоят зиёди номаву рӯзнома ва баставу равонакҳоро аз шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мерасонад.
 

Ба гуфтаи Сайдалӣ Мирзоев яке аз ҳадафҳои муҳими мо дар самти сари вақт расонидани матбуоти даврӣ ва дигар номаву бастаҳо ин давра ба давра зиёд намудани шумораи хаткашонҳо дар шаҳраку деҳоти навоҳии вилоят мебошад. Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар 10 нафар хаткашонҳо фаъолият доранд, ки дар баробари номаву расидаҳои тариқи алоқаи почта, ҳар шумораҳои рӯзномаву маҷаллаҳоро хона ба хонаи сокинон мерасонанд. Ҳадафи асосии мо аз зиёд намудани шумораи хаткашонҳо дар ноҳияҳо, ин пеш аз ҳама, ба суроғаи ҳар як хонавода расонидани маҷаллаву рӯзномаҳое мебошад, ки ба он обуна шудаанд. Мо мутмаинем, ки бо пайдо шудани хаткашонҳо дар деҳу маҳаллаҳои дурдаст мардум ҳам ба обунаи нашрияҳои хонданӣ шавқу мароқ зоҳир менамоянд ва ба ин васила сол аз сол теъдоди обуначиён ва хоҳишмандони мутолиаи  рӯзномаву маҷаллаҳо баробар афзоиш хоҳад ёфт. Аз суҳбат бо сокинони ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон бармеояд, ки дар баробари таваҷҷуҳ ба мутолиаи матбуоти даврӣ онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни соҳаи алоқаи почта, аз ҷумла, ирсоли номаву бастаҳо ба дӯстону хешовандони худ ниёз доранд.
 

Рӯзигул        Рустамзода, собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ, иброз медорад, ки барои ҷалби бештари аҳолӣ ба маъракаи обуна ба нашрияҳои даврӣ, пеш аз ҳама, бояд фаъолияти хаткашонҳоро дар ҳамаи деҳкадаву маҳаллаҳо аз нав эҳё кард. Давраи ба ҳайси раиси Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл фаъолият доштанам, кормандони Маркази алоқаи почтаи ноҳия рӯзномаву маҷаллаҳоро то идораи ҷамоати мазкур мерасониданд ва мо онро тавассути раисони маҳаллаҳо ба обуначиён дастрас мекардем. Ҳол он ки дас-трас намудани рӯзномаву маҷаллаҳо ба сокинони деҳот, вазифаи кормандони ҷамоат нест, - мегӯяд Рӯзигул Рустамзода.
 

- Тақозои замон аст, ки бо мақсади баланд бардоштани  маърифатнокӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷомеа, дар баробари ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба мутолиаи матбуоти даврӣ, ҳамзамон, хизмат-расонии алоқаи почтаро дар деҳоти кишвар беҳтару хубтар ба роҳ монд. Вобас-та ба ин дар мадди аввал лоаққал бо таъсиси як бас-ти кории ба ҳайси хаткашони деҳот метавон матбуоти давриро сари вақт ба сокинон дастрас намуд. Баъдан, мурури вақт нишон медиҳад, ки то куҷо аҳолии деҳот ба дигар намуд хизматрасониҳои алоқаи почта дар маҳалли зисти худ ниёз доранд.
Мавриди зикр аст, ки то ибтидои солҳои 1990-ум фаъолияти хаткашонӣ дар шаҳраку деҳот аз пешаҳои номвару маҳбуби сокинон ба ҳисоб рафта, мардум ҳар рӯз  хаткашонро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Зеро дар он солу замон хаткашон бо ирсоли нома ва  бастаҳои моливу расидҳои одамон ба дӯстону хешовандони роҳдури онҳо, ҳамчунин, номаҳои фарзандонро, ки дар шаҳру кишварҳои гуногун хизмати ҳарбиро адо мекарданд, ба аҳли оилаҳои онҳо мерасонид. Алъон, ки бо истифода аз воситаҳои муосири алоқа ва номарасонӣ талабот ба хизматрасонии хаткашонҳо коҳиш ёфтааст, аммо дастрасии сокинон ба матбуоти даврӣ масъалаи муҳимест, ки зарурият ба эҳёи хизматрасониро ба миён овардааст.

 

Ба гуфтаи Сайдалӣ Мирзоев, директори Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон бо роҳандозӣ гардидани фаъолияти хаткашонҳо дар деҳкадаҳои дурдасти навоҳии вилоят талабот ба матбуоти даврӣ низ дучанд хоҳад афзуд. Аз ин лиҳоз, бо эҳёи дубораи фаъолияти хаткашонҳо мутмаинам, ки бо гузори начандон вақти зиёд дар даромадгоҳҳои биноҳои бисёрошёнаву ман-
зилҳои истиқоматии деҳот қуттиҳои бо ном маъруфи “Почта”-ро аз нав хоҳем дид.

 

Айни замон дар радифи ташаббусҳои наҷиб ҷиҳати рушду пешрафти соҳа ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ мондани хизмат-расонии алоқаи почта, ҳамзамон бо дастгирии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои маъмурии  Марказҳои алоқаи почта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмиру азнавсозӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  биноҳои алоқаи поч-таи ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав ва ноҳияи Ҷ. Балхӣ таъмир гардида, бо таҷҳизоти кори муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН, “Ҳамрози халқ”