Фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ғофилобод” дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардид.

Восеъ: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида санаи 09.08.2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғофилобод-МТМУ №43» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуданд. Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғофилобод-МТМУ №43 оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд. Ҳамчунин дар маҷлис дигар масъалаҳо низ барраси гардиданд, ки тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғофилобод-МТМУ №43» аз нав интихоб карда шуд. Дар идомаи маҷлис масъулини ҳизбӣ баромад намуда, оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, ва аз онҳо рӯёнидани 3-4 ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, ва дигар масъалаҳо суҳбат намуданд.