МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АНДОЗ”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 9-уми августи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андоз” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид:

- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

- Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Дар маҷлиси-ҳисоботӣ-интихоботӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Худойбердиева Ҳалима Қобилҷоновна, раиси ТИ ва аъзоёни ташкилоти  ибтидоии мазкур иштирок  намуд. 

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти солонаро аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июли соли 2023 ба шунавандагон ҳисобот доданд. Инчунин вазифаҳоро барои давраи ояндаи ташкилот муайян намуданд. Аз ҷумла дар баромадашон гуфта шуд, ки дар тамоми ҳамин давра нақшаҳои моҳона иҷро гардидааст.

Вобаста ба масъалаи дуюм “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба ҳозирин расонида шуд, ки ҳар як аъзо дар ин давра боз ҳам содоқати худро нисбат ба ҲХДТ нишон дода тавонад.

Бо дасгирии кулли иштирокчиён Ализода Ш ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар баромади хеш Худойбердиева Ҳ шунавандагонро хотиррасон намуд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои шаҳрвандии худро иҷро намоянд.

Дар охир Худойбердиева Ҳ.Қ зикр намуд, ки истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад.