ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЧОРБОҒ”

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чорбоғ-МТМУ №29" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ оиди ҷамбасти фаъолият аз давраи моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 доир гардид. Дар маҷлиси мазкур мутасаддии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ-МТМУ №29” “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз давраи моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Зимни суханронӣ намояндаи Кумита фаъолияти ташкилоти болозикрро дар давраи сипаригардида қаноатбахш ҳисобида, ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюм тавсияҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин аснои суханронӣ атрофи мавзӯҳои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии майли ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар мавзӯҳои рӯзмарра ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки моро лозим аст, ки барои насли наврасу ҷавон чораҳоеро биандешем, ки дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии онҳо таъсиргузор бошад.