АКСИЯИ "ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!" ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо бунёди дарвозаҳои замонавӣ  дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия ба ҳукми анъана даромада, мардуми маҳал бо ҳашари дастаҷамъона дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" ҳамчун рамзи маҳалдорӣ дарвозаҳои зебову замонавӣ бунёд намуда истодаанд. Сокинон ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаи Анористони Ҷамоати деҳоти Обшорон  дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маҳаллаи хеш бунёди дарвозаи замонавиро роҳандозӣ намудаанд, ки санаи 9-сентябри соли равон ба истифода дода мешавад. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  иқдоми созандаи сокинони маҳаллаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхро бориз арзёбӣ намуда, иқдоми мазкурро баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.