ГУЗАРОНИДАНИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ КАМАРОБ”

Қубодиён: Ҳисобот  

 Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён санаи 7-уми августи соли равон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Камароб” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис  мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров И, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Намозова Холида, раиси ташкилоти ибтидоии “Камароб” Давлатов Абдували ва  аъзоёни ташкилоти номбурда иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Камароб” Давлатов Абдували оғоз намуда, аз рӯи чор масъала:

  1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Камароб” дар давраи ҳисоботӣ.
  2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
  3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Камароб”.
  4. Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии “Камароб” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “ Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Камароб” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис Музаффаров И баромад намуда иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон    аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст. Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст.

Ҳамчунин раиси тозаинтихоби ташкилот Давлатов А баромад намуда,  қайд намуданд, ки имруз ҲХДТ ҳамчун ниҳоди давлатӣ баҳри пешбурди тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ талош карда, зуҳуроти аслии таҳкими давлатдорӣ ва ривоҷи тараққиёти иқтисодии миллӣ заминаҳои мустаҳкаме гузоштааст. ҲХДТ ҳамчун мазҳари ягонаи сулҳофар баҳри таҳкими пояҳои давлатории миллӣ фаъолияти наҷиберо ба роҳ мондааст, ки зиндагии саодати мардумро вусъат медиҳад. Нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроз аст.