САМАРАНОКИИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба самаранок истифода кардани заминҳои бекорхобидаи наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ суҳбату мулоқотҳо минёни сокинон доир шуда истодааст.  Вохӯрии навбатӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Разоқ доир гардид. Зимни боздид аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон ба мушоҳидав расид, ки заминҳо аз ҷониби сокинони меҳнатдӯстӣ ҷамоати мазкур самаранок ва оқилона истифода шудаанд ва сокинон аз меҳнати софу ҳалоли худ маводи кофии ғизоиро низ барои фасли сармо захира намудаанд.