Роғун ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Роғун дурахши нури Раҳмонист.

Баъд аз пурра ба истифода додани ин кохи нур, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз истеҳсолкунанда ва содиркунанди нерӯи барқи обӣ (нерӯи сабз) дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб рафта, иқтисодиёти мамлакат даҳҳо маротиба рушд мекунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун сарпарасти маънавии НБО "Роғун" эътироф гардидааст.   Вобаста ба кор ҷалб намудани шаҳрвандон ва бо ин васила таъмин намудани ин иншооти бузурги аср бо мутахассисону кормандон аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо аз ҷумла ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор гардида истодааст.
Доир ба ҳамин масъала санаи 04.08.2023, бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ба хотири таъмини ҷойи корӣ ба шаҳрвандони бекори ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир карда шуд.
Дар ярмарка аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои ноҳия 118 номгӯи ҷойи кор ва аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии НБО Роғун низ ҷойҳои кории холӣ пешкаши  шаҳрвандон гардонида шуд.  Баргузории ярмарка дар маркази ноҳия доир гардида таваҷҷуҳи шахсони бекор ҷалб карда шуд.
Натиҷаи баргузории чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ буд, ки то имрӯз аз ҳисоби мутахассисон ва шаҳрвандони бекори ноҳияи Дӯстӣ 15 нафар ба ширкатҳои сохтмонии НБО "Роғун"  тариқи роҳхатҳои ҳизбӣ ба кор равона карда шуда дар ин самт корҳои тарғиботӣ идома доранд.