ВАЪЗИ ПАРТОВГОҲҲО: АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ...

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Сари вақт тоза намудани нуқтаҳои партовгоҳҳои ҳудуди шаҳри Бохтар аз мав-зӯъҳоест, ки давоми як моҳи охир дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳсу муҳокимарониҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор дорад.

Дар воқеъ, вазъияти ногувори баъзе нуқтаҳои партовгоҳҳои маишии ҳудуди шаҳри Бохтар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар баробари кашолкориҳо ҷиҳати сари вақт холӣ кардани қуттиҳо ва таъмини тозагии атрофи он, худи сокинон ва иҷоранишинони маркази маъмурии вилояти Хатлон низ оддитарин қоидаҳои тозагиро риоя намекунанд. Албатта, аксу наворҳо оид ба вазъи имрӯзаи нуқтаҳои партовгоҳҳо ва кӯчаву хиёбонҳои норуфтаву обравҳои пур аз коғазпораву зарфҳои полиэтиленӣ зиёданд, аммо ба далели эҳтиром ба фарҳангу арзишҳо аз истифодаи ин гуна маводҳои дилгиркунанда худдорӣ менамоем.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар баъзе нуқтаҳои партовгоҳҳои маишии шаҳри Бохтар бинобар сари вақт интиқол наёфтани партовҳои ҷамъшуда  ҳудуди муайянгардидаи ин нуқтаҳо дар ҳоли табоҳ қарор дошта, бӯйи ғализ атрофро фаро гирифтааст. Мутаассифона, барои мардум одат шудааст, ки бо дидани чунин манзараҳои ҳузновар пеш аз ҳама, нисбат ба фаъолияти кормандони Хоҷагии манзиливу коммуналӣ изҳори нигаронӣ менамоянд. Ҳамчунин, чанде пеш атрофи ин мавзӯъ нафаре аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ сабабгори сари вақт тоза накардани нуқтаҳои партовгоҳҳои маркази маъмурии вилояти Хатлонро ба бемасъулиятии Шуъбаи ҳифзи муҳити зист рабт дода буд. Баъдан, дар рӯзи дигар масъулони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар нисбат ба матлаби танқидӣ вокуниш нишон дода, оид ба фаъолияти ниҳоди мазкур дар ин самт рӯшанӣ андохта буданд.  
 

Воқеан, вазъи имрӯзаи баъзе нуқтаҳои партовгоҳҳо ва намои ҳузновари кӯчаву хиёбонҳо ҳар фарди худогоҳро водор менамояд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳо дар самти таъмини тозагии шаҳри азизамон  бетарафӣ зоҳир нанамояд. Аммо тавре, ки зиёиёни солманди шаҳри Бохтар изҳор медоранд, агар коғазпораву зарфҳои полиэтиленӣ ва дигар партовҳои маишии  дар роҳраву гузаргоҳҳо партофтаи баъзе афроди бетарбия ҳисобӣ мебуд, бо ташкили аксияҳои накӯкорӣ мардум шаҳри худро тозаву озода нигоҳ медоштанд. Валекин, мутаассифона, барои таъмини тозагӣ дар шаҳр дар баробари неруи зиёди корӣ боз техникаи боркашонӣ лозим меояд, то ғарами партовҳоро аз ҳудуди шаҳр берун интиқол дод.
 

Аз суҳбат бо Муҳаммадшариф Сараев, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагиии манзилию коммуналии шаҳри Бохтар бармеояд, ки мушкили сари вақт набаровардани партовҳо аз ҳудуди шаҳр омилҳои зиёд дорад. Ба гуфтаи ӯ мушкили якум дар ин самт риоя нашудани тартибу қоидаи гузоштани партовҳои маишӣ дар қуттиҳо ва нуқтаҳои партовгоҳҳо аз ҷониби сокинон мебошад. Гарчанде, ки сокинон огоҳӣ доранд, ки дар нуқтаҳои партовгоҳҳои маишӣ гузоштани партовҳои сохтмонӣ, алафу дигар асбобҳои корношояму боқимондаҳои масолеҳи сохтмонӣ манъ аст, вале боз ҳам бештари сокинону соҳибкорон партовҳои ғайримаиширо дар қуттиҳо ва атрофи он меафкананд, ки ин кори кормандони Идораи коммуналиро дучанд мушкил месозад. Ҳолонки тибқи муқаррарот сокинон ва соҳибкороне, ки партовҳои ғайримаишӣ ва дигар масолеҳи корношоями сохтмонӣ доранд, бояд бо мо шартномаи иловагӣ баста ё ин ки ин гуна партовҳоро ба ҷойҳои махсус ва ё аз ҳудуди шаҳри Бохтар  берун бароранд. Аммо тавре мушоҳида мегардад, баъзе сокинону соҳибкорон партовҳои ғайримаиширо шабона дар нуқтаҳои барои партовҳои маишӣ нигаронидашуда мегузоранд. Бинобар ин, дар нуқтаҳои партовгоҳҳое, ки сокинон худсарона партовҳои сохтмониву ғайримаишии худро партофтаанд, тозакорони КВД Хоҷагиии манзилию коммуналии шаҳри Бохтар ба ҷойи дар 20 дақиқа холӣ кардани қуттиҳои  партовгоҳ баръакс 3 соат вақт сарф мекунанд, ки ба ин ваҷҳ наметавон ҳаҷми корҳои ҳаррӯзаро иҷро намуд.
 

Омили дуввуми сари вақт тоза нагардидани нуқтаҳои партовгоҳҳо ин риоя нашудани реҷаи партовпартоӣ аз ҷониби сокинон мебошад. Тибқи реҷаи муқарраргардида аҳолӣ бояд партовҳои маишии худро аз соати 17 то 23  дар нуқтаҳои партовгоҳҳо гузоранд, то кормандони КВД Хоҷагиии манзилию коммуналии шаҳр лоақал то соати 10-и субҳи рӯзи дигар шаҳрро  тозаву озода намоянд. Вале чуноне дида истодаем, баъзе сокинон натанҳо реҷаи партовпартоиро риоя намекунанд, балки коғазу халтача ва зарфҳои полиэтилениро дар обраву қад-қади роҳ ва гирду атрофи қуттиҳо меафкананд.
 

Як мушкили дигар дар ин самт бетафовутии баъзе сокинон нисбат ба тозагии муҳити зист аст, ки партовҳои маиширо тавассути кӯдакони ноболиғ  ба нуқтаҳои партовпартоӣ мефиристанд, ки кӯдакон дар  баробари риоя накардани қоидаҳои санитарӣ боиси паҳн гардидани микробҳои зараррасон мешаванд. Бинобар гуфтаи Муҳаммадшариф Сараев мушкили дигар вобаста ба сари вақт тоза кардани нуқтаҳои партовгоҳҳои шаҳри Бохтар ин мувофиқат накардани нархи хизматарсониҳои коммуналӣ мебошад. Зеро, ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ, ки дар соли 2015 тасдиқ гардида буд, барои як сокини хонаҳои баландошёна 4 сомонӣ 25 дирам ва барои  манзилҳои заминӣ 6 сомону 92 дирамро ташкил медиҳад, ки дар он солҳо нархи сӯзишворӣ 5,5 сомонӣ буд. Аз ин рӯ, агар арзиши хизматарсонии коммуналӣ ҳам каме баланд бардошта шавад, ба беҳбудии вазъи соҳа мусоидат мекунад.
 

Дар ҳамин ҳол, ба таъхир уфтодани интиқоли партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳри Бохтар сабабҳои дигар ҳам дорад, ки ин норасоии техникаи партобкашонӣ дар Муассисаи давлатии Идораи коммуналии шаҳри Бохтар арзёбӣ мегардад. Тибқи иттилои масъулони соҳа айни замон аз 19 адад техникаи ёрирасони корхонаи мазкур ҳамагӣ 9 адади он фаъол буда, боқӣ техникаҳои корхона таъмирталаб мебошанд.
 

Роҳбарияти КВД Хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳри Бохтар ташаккули низоми дурусти пардохтҳои хизматрасониро манбаи боэътимоди рушду такмили базаи моддиву техникии соҳа ва ба ин васила бартараф гардидани мушкилиҳои мавҷуда мешуморад. Вобаста ба ин аз тамоми сокинону соҳибкорону  роҳбарияти идораву ташкилот ва корхонаҳои давлативу бахши хусусӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ба хотири таъмини тозагии муҳити зист ва коргоҳҳои худ бо КВД Хоҷагиии манзилию коммуналии шаҳри Бохтар шартнома ба имзо расонанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки аз шумораи каму беш аз 5 ҳазор коргоҳу корхонаҳо ва мағозаву нуқтаҳои савдо танҳо 567 адади он бо КВД Хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳр шартномаи хизматрасонӣ бастаанду халос. Илова бар ин Муҳаммадшариф Сараев, сардори Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагиии манзилию коммуналии шаҳри Бохтар, иброз медорад, ки соҳибкорону ширкатҳои хонасозӣ пеш аз оғози корҳои сохтмони биноҳои баландошёна хулосаи тамоми идораву сохторҳои марбутаро мегиранд, аммо дар ин феҳрист ризоияти КВД  Хоҷагии  манзиливу коммуналӣ ба эътибор гирифта намешавад. Ҳолонки бо оғози корҳои сохтмонӣ ва минбаъд бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои баландошёнаи ҳаҷми партовҳо дар ин мавзеъҳо меафзояд. Дар ин росто, хуб мешуд пеш аз бақайд гирифтани  сокинон  дар  манзилҳои навбунёд, ҳар як соҳибмулк бо соҳаи Хоҷагии манзиливу коммуналӣ шартномаи хизматрасониро ба имзо расонад. Вагарна чӣ гуна метавон бо бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои баландошёнаи барои  70-80 манзили истиқоматӣ, ташкилу муайян намудани нуқтаи партовгоҳ барои сокинону бошандагони ин иншоотро ба эътибор нагирифт.
 

Ҳамин тавр, тозагии нуқтаҳои партовгоҳҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар ба як мавзӯи баҳсталаб табдил ёфтааст, ки ҷиҳати рафъи он дар баробари сохторҳои марбута, инчунин сокинони ин шаҳр ҳам эҳсоси масъулиятшиносӣ дошта бошанд. Зеро таъмини тозагии муҳити зист вазифаи ҳамаи мо буда, риояи қоидаҳои санитарӣ дар қаламрави шаҳр ҳатмӣ ва зарур аст.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”