59 НАФАР КОРФАРМОЁН ҶАРИМА ШУДАНД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар нимсолаи аввали соли 2023 фаъолияти 260 адад субъектҳои хоҷагидории вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар натиҷа 1158 қонунвайронкуниҳо ошкор гардидаанд, ки аз ин 871 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, бехатарии меҳнат ва риояи меъёрҳо, 61 ҳолат ба самти экспертизаи шароити меҳнат, 3 ҳолат дар самти муҳоҷират ва 223 ҳолат ба самти шуғли аҳолӣ рабт дорад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Бобозода Ҳамза,  сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон иттилоъ дод.

Ҷиҳати ислоҳи қонунвайронкуниҳои ошкоргардида  дар самти назорати ҳифзи меҳнат, бехатарии меҳнат, ташхиси шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба масъулони ташкилоту идораву корхонаҳо ва 2137 амрномаҳо дода шудааст, ки аз ин 214 тои он пурра иҷро гардида, 23 адади онҳоро муҳлати иҷроишашон ба анҷом нарасидааст.
 

Дар ин давра барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 59 нафар корфармоён дар ҳаҷми 85 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.
 

Дар маҷмӯъ давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бо дахолати Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилоят дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба маблағи 2 миллиону 750 ҳазору 405 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд, ки аз ин  1 миллиону 913 ҳазору 778 сомонӣ қарзи музди меҳнат, 494 ҳазору 582 сомонӣ андози иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ, 85 ҳазор сомониро маблағи ҷаримаҳо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин 7344 сомонӣ аз натиҷаи надодани хулосаҳои экспертизаи лоиҳаҳои сохтмонӣ, 2225 сомонӣ аз ҳисоби муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ, 51 ҳазору 155 сомонӣ музди меҳнати иловагӣ ҳангоми ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат ва 255 ҳазору 676 сомонии онро маблағҳои кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо ба кормандон ва аъзои оилаи онҳо вобаста ба ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ташкил медиҳад.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН
“Ҳамрози халқ”