СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА ХОРИҶИ КИШВАР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Хатлон аз вилоятҳои калонтарин ва аграрии кишвар ба ҳисоб меравад. Иқлимаш барои парвариши қариб ҳама намуд маҳсулоти кишоварзӣ мусоид мебошад. Ҳамасола аз ин вилоят ҳазорҳо тонна маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза парвариш ва истеҳсол шуда, ба дигар минтақаҳои мамлакат ва ҳатто ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад.

Амирбеки Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар 6 моҳи соли равон аз вилоят 7430,8 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз он 5662,6 тонна таввасути нақлиёт ва тайёра, инчунин 1768,2 тонна бо тариқи роҳи оҳан содирот гардида, иҷрои дурнамои солонаи он 7,8 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4446 кам мебошад.
 

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда 2143,5 тонна сабзавот, аз он ҷумла 1956,3 тонна пиёз, 718,5 тонна полезиҳо, 1555 тонна ангур, 2900,8 тонна мевагӣ ва лимӯ ва 13 тонна дигар маҳсулотро ташкил дода, онҳо асосан ба Федератсияи Русия, Афғонистон, Покистон, Туркия, Қазоқистон ва Белорусия содирот шудаанд.
Амонҷон Муҳиддинов
“Ҳамрози халқ”