ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ШАҲРИ КӮЛОБ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

29 июл  узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, ободонию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва қабули муроҷиати шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод.

Баъд аз боздид аз иншооти сохташаванда, дар маросими гузаштан ба пахши барномаҳои Телевизиони Кӯлоб ба формати дақиқияташ баланди HD иштирок намуд. Қобили зикр аст, дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилоятиву шаҳрӣ иштирок доштанд.
 

Тибқи иттилоъ Телевизиони Кӯлоб соли 1992 таъсис ёфта, дар соли 2002 бо дастгирии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардонида шуд.
 

Иқдоми мазкур боис шуд, ки кормандони телевизиони Кӯлоб барои фатҳи қуллаҳои нав қадамҳои устувор гузоранд. Телевизион дар тӯли 31 соли фаъолияти худ ба пешрафту дастовардҳо ноил гардидааст. Бо мақсади фаъолияти босамар ва вусъат ёфтани фазои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи истиқболи ҷашни 2700 – солагии Кӯлоб бинои Телевизиони Кӯлоб бо тарҳи замонавӣ сохта шуд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Кумитаи   телевизион   ва   радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Телевизиони Кӯлоб бо таҷҳизотҳои муосир, аз он ҷумла, таҷҳизоти мавҷпахшкунандаи иқтидораш пурқувват ва нақлиёт таъмин гардид. Теъдоди кормандони телевизион замони таъсисёбӣ ба 8 нафар, соли 2002 ба 30 нафар мерасид ва имрӯз шумораи онҳо ба 70 нафар мерасад. Ҳудуди шабонарӯзии пахши барномаҳои телевизион аз аввали соли 2014 тавассути таҷҳизоти рақамӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ба 16 соат мерасад. Айни замон 18 соат тавассути моҳвора пахш мегардад.

 

Тариқи телевизион барно-маҳои гуногуни иттилоотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ таҳия ва омода мегардад. Фаъ-олияти ҳаррӯзаи телевизиони Кӯлоб аз рӯи нақшаи ҷадвали пахши барномаҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон, амалӣ гардидани самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷрои талаботҳои Қонуну қарорҳои амалкунанда ба роҳ монда шуда, дар тарғиби сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва тарбияи маънавии аҳолӣ дар вилояти Хатлон нақши босазо дорад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кормандони телевизион суҳбат намуда, аз вазъи корбурди пахши барномаҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ шиносоӣ пайдо кард. Барои дар сатҳи баланд таҳия ва омода намудани пахши барномаҳо дастуру тавсияҳои муфид дод.
Баъд аз боздид Давлаталӣ Саид тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, қабул ва муроҷиати шаҳрвандонро гузаронид.

 

Муроҷиати 17 нафар шаҳрванди шаҳри Кӯлоб доир ба масъалаҳои расонидани кумаки молиявӣ ба оилаҳои ниёзманду фарзандони маъюбдошта, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кумак дар сохтмони манзили истиқоматӣ, қитъаи замин барои сохтмони мактаб, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, тоза ва мустаҳкам кардани канал ва соҳилҳои харобшуда, сохтмони пули харобгашта, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда ва дигар масоили рӯзгор қабул карда шуд.
 

Раиси вилоят баъди муро-ҷиати шаҳрвандон ба масъулони вилоятиву шаҳрӣ барои иҷрои масълаҳои зикршуда супориш дод.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Раиси вилоят бори дигар масъулонро вазифадор кард, ки ба соли нави таҳсил муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, доир ба харидории сару либоси истеҳсоли ватанӣ ва сифати он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Инчунин,  омодагӣ  ба  даъвати навбатии хизмати ҳарбӣ, доир ба анҷом додани кишти такрорӣ, баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, ҷалби сармоя дар соҳаи саноатикунонӣ, вохӯрӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ, омодагӣ ба зи-мистони пешомада дар соҳаи барқ ва интиқоли он, ба масъулон дастуру супориш дод.

Шуъбаи иттилоотӣ-
таҳлилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон