МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо саҳмгузории фаъолон ва аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Файзали Саидов, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, раиси Ҷамоат ва сокинони деҳаи Темурмалики Ҷамоати шаҳраки Бохтариён дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» ҳашари дастаҷамъонаи сангфаршкунӣ ва таъмири роҳи байни ин деҳаҳо баргузор гардид.

Иштирокдорони ҳашар роҳҳои ин деҳаро аз ҳисоби сокинон сангфарш ва таъмир намуда истодаанд, ки боиси хушҳолии хурду калон гардид. Чунки роҳҳои байни ин деҳаҳо дар фасли зимистону баҳор мушкилиҳои зиёдеро ба бор оварда буд.