МАРҲИЛАИ АНҶОМЁБИИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади сазовор истиқбол намуда ҷашни 35 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондоир намудани корзои ободнию созандаги ба ҳукми анана даромадааст. Чунин як иқдоми созанда дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ноҳияи Фархор дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон роҳандози гардида истолааст. Масъулини муассисаи таълими №25-и ноҳияи Фархор тасмим гирифтаанд, ки дар доираи аксияи “Мактаби ман”, бо ҷалби падарону модарон ва собиқ хатмкардагони муассисаи мазкур 6 синфхонаи иловаги сохта мавриди истифода қарор диҳанд.

Айни замон марҳилаҳои анҷомёбии корҳои сохтмонӣ рафта истодааст. Сохтмончиён ба корҳои рангубор кардани деворҳо ва насбу васли лапаҳо маҳғуланд ва мақсад доранд, ки то саршавии соли нави хониш корро ба анҷом насонанд.