Таъмиру барқарорсозии пул дар ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии пулҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯпруки болои дарёи Ёхсу, дар шоҳроҳи Душанбе-Восеъ-Кӯлоб, ки ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъро ба Кӯлоб мепайвандад дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва корҳои барқарорсозӣ он аз ҷониби кормандони ташкилоти ибтидоии “МНДРА-ДЭУ”-и ноҳия оғоз гардид.  Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳо, таъмиру азнавсозии кӯпукҳо ва дигар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо суръат давом дорад.