ТАЪМИНИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ: АЗ ДУРНАМО ТО НИШОНДИҲАНДАҲО

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Рӯзҳои охир яку якбора боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, ба хусус сабзӣ ва картошкаву пиёз дар бозорҳои вилояти Хатлон боиси нигаронии сокинон гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки аз оғози сол деҳқонон, ба хусус масъулони идораи кишоварзӣ боварӣ доштанд, ки аз ҳисоби ҳосили имсолаи ин номгӯи маҳсулот бозорҳои вилоят-ро тамоми сол бо сабзавоти нархи дастрас таъмин карда метавонанд. Аммо бинобар ба дигар минтақаҳо ва хориҷ аз кишвар содирот шудани ҳосили кишти баҳорӣ нархи он дар бозорҳои маҳаллӣ боло рафта истодааст. Дар мавриди камчинии картошка бошад, кишоварзон боло рафтани арзиши онро ба сардиҳои зимистони гузашта рабт медиҳанд, ки масоҳати бештари заминҳои кишти ин маҳсулоти кишоварзӣ талаф ёфта,  хоҷагидорон аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ ба даст наовардаанд.
 

Бинобар иттилои Қут-биддин Хоҷаев, ҷонишини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар мавсими кишти тирамоҳии соли гузашта дар ҳама бахшҳои ҷамъияти хоҷагиҳои кишоварзии вилоят дар майдони 8 ҳазор гектар кишти картошка пешбинӣ гардида буд. Аммо, бинобар сардиҳои барвақтии зимистони соли гузашта зиёда аз 2222 гектар заминҳои кишти картошкаи барвақтӣ талаф ёфт ва ин буд, ки баҳори соли ҷорӣ аз ҳисоби  5778 гектар заминҳои картошкаи тирамоҳӣ ҳудуди 95 ҳазору 452 тонна ҳосил бардошта шуд.
 

Ҳамзамон, дар ин давра ба ҷойи 2 ҳазору 200 гектар нақшаи пешбинишуда, дар масоҳати 2 ҳазору 213 гектар кишти сабзӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб деҳқонон 61 ҳазору 930 тонна ҳосил бардоштанд. Дар кишти такрорӣ бошад, дар масоҳати 5 ҳазору 160 гектар заминҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ кишти сабзӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилоъ то санаи 21 июли соли ҷорӣ  нақшаи пешбинишуда 3347 гектар иҷро шудааст.
 

Деҳқонони водии Вахш изҳор медоранд, ки бинобар барвақт омадани сардиҳо дар фасли зимистони соли гузашта, онҳо аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ ҳам хосили дилхоҳи картошка набардоштаанд. Ҳамин тавр, бар асари сардиҳои зимистон ва дигар омилҳо шуруъ аз ҳафтаи аввали моҳи июл нарху навои картошкаву сабзӣ дар бозорҳои вилоят якбора боло рафт.
 

Зимни боздид аз растаҳои сабзавотфурӯшии бозори ҶДММ “Фаровон”-и шаҳри Бохтар, мушоҳида мешуд, ки савдогарон як киллограмм картошкаро бо нархи 6,5 то 7,5 сомонӣ ба фурӯш баровардаанд. Носир Ҳурматшоев, савдогари бозори мазкур иброз медорад, ки  картошкаи ба фурӯш баровардаи онҳо аз вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷиргатол воридот карда шудааст. Тоҷирон ин маҳсулотро бо иловаи як сомонӣ фоидаи худ пешкаши харидорон менамоянд. Имсол натанҳо дар вилояти Хатлон, балки тамоми минтақаҳои кишварамон ҳосили картошка нисбат ба солҳои пешин кам гардидааст, ки бинобар ин нарху навои он боло рафта истодааст, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
 

Аммо ба гуфтаи сокинони вилояти Хатлон илова ба камчинии ин навъ сабзавот дар бозорҳои вилоят, ҳамзамон худи савдогарон ҳам арзиши онро аз ҳадд зиёд баланд мебардоранд. Ҳол онки дар водии паҳновари Вахш, ки заминҳои ҳосилхез дорад, набояд арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ба ин ҳадд баланд бошад.
 

Дар ҳамин ҳол Саймурод Худойназаров, сокини ноҳияи Вахш иброз медорад, ки дар баробари афзоиши шумораи аҳолӣ дар вилояти Хатлон сол аз сол нарху навои маводи сӯзишворӣ ва дигар маҳсулот зиёд шуда истодааст, ки ин ба бозори истеъмолӣ бетаъсир намемонад. Баъдан, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла мамолики аз лиҳози соҳаи кишоварзӣ пешрафта ҳам мушоҳида мешавад. Дар мисоли давлати Ҳиндустон, ки дар таъмини бозорҳои кишварҳои Шарқу Африқо саҳми назаррас дошт, аммо солҳои охир дар ин кишвар болоравии бесобиқаи нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо мушоҳида мешавад.
 

Аммо дар шароити кишвари мо, арзиши маҳсулоти кишоварзӣ на фақат ба ҳосилнокии имсола, балки аз таъсири баланд шудани арзиши сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва дигар омилҳо низ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар нисбат ба соли гузашта 15 –то 20% баланд шудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ ҷойи нигаронӣ надорад. Аммо пӯшида нест, ки то ҳосили кишти тирамоҳии картошка чанд моҳи дигар монда, эҳтимол меравад, ки дар сурати воридот нашудани ин маҳсулот аз дигар минтақаҳо паст фаровардани нархи он имконнопазир аст.
 

Масъулони Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон мегӯянд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда дар мавсими кишти такрорӣ, ки аз 15- уми август оғоз мегардад,  хоҷагиҳои ҷамъиятии вилоят дар майдони 2300 гектар картошка кишт хоҳанд намуд, ки аз ин ҳисоб то ҷойе метавон талаботи аҳолиро бо нони дуввум таъмин кард.
 

Тибқи маълумотҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба 1-уми июли соли 2023 деҳқонони вилояти Хатлон 88 ҳазору 637 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд, ки ин 72,3% дурнаморо ташкил медиҳад. Истеҳсоли картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 273 тонна кам мебошад. Истеҳсоли сабзавот бошад, дар ин давра ба 556 ҳазору 456 тонна мерасад, ки ин нисбат ба нимсолаи аввали соли 2022 -юм 46 ҳазору 97 тонна зиёд мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар баробари андешидани чораҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ суръат бахшидани кишти такрории сабзавоту маҳсулоти ниёзи аввалия мебояд дар оянда масоҳати кишти ин гуна маҳсулоти ниёзи мардумро зиёд намуд. Тавре иқтисоддонҳо изҳор медоранд, барои таъмини талаботи аҳолии вилояти Хатлон бо картошка бояд масоҳати кишти онро аз 8 ҳазори нақшаи пешбинишуда то 13 ҳазор гектар расонид.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН “Ҳамрози халқ”