МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

22 июл дар  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ҲХДТ, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
 

Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оғоз  намуда, аъзои раёсат ва иштирокчиёни онро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард.

Дар Маҷлиси Раёсат масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон барои  нимсолаи дуюми соли 2023, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, даъвати Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 

Нахуст, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти ҲХДТ дар нимсолаи якуми соли 2023 муовини Раиси ҳизб - Латифзода Асрор Қурбон гузориш дод. Қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Оинномаи ҳизб, қарорҳои анҷуманҳо ва маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Раёсати он, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ «Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025», иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва  нақшаи фаъолият ба роҳ монда, корҳои муайянеро анҷом додааст.

Латифзода Асрор Қурбон изҳор дошт, ки дар ин росто, нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба ташвиқу тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки самтҳои асосии фаъолият ва ҳадафҳои муҳими ҳизбро фарогир мебошанд, мавриди амал қарор дода шуд. Дар ин муддат масъалаҳои дар ҷараёни фаъолият ба миёномада низ иҷрои худро дарёфтанд.
 

Тайи ин муддат яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳои ибтидоиро гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ дар бар мегирифт. Дар доираи онҳо ҳамкории кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вакилони халқ, соҳибкорону саховатмандон, муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо боз ҳам тақвият ёфт. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Оила, Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ доир гардиданд.
 

Дар ин замина аз тарафи сохторҳои ҳизбӣ вобаста ба инъикоси ҳаёт ва набзи ҳизб, инчунин вокуниши саривақтӣ ба маводи муғризона маводи гуногун дар васоити электронии ахбор ба матбуоти ҳизбию ҷумҳуриявӣ ба нашр расонида шуд.
Дар асоси қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ки аз дастгириҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҳизб бармеояд ба 331 нафар шахсони ниёзманд ва маъюбон “нафақи ҳизбӣ” муқаррар шуд, ки ҳар моҳ ба гирандагони нафақа аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо расонида мешавад. Бо ҳидоятҳои Роҳбари давлат тӯли чанд соли охир, бахусус дар нимсолаи соли ҷорӣ расонидани кумакҳои моддӣ ва озуқаворӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вакилони ҳамаи сатҳҳо, соҳибкорону шахсони саховатманду ҳимматбаланд, тоҷирон ва дастгирии аъзои фаъоли ҳизб хеле бештар гардидааст.

 

Инчунин, таъкид карда шуд, ки майлу иродаи шаҳрвандон барои аъзо гардидан ба сафи ҳизби мо рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Дар ин масъала бо таъкидҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафароне ба узвияти ҳизб пазируфта мешаванд, ки бо ормонҳои ҳизб содиқ буда, ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, баҳри татбиқи ғояҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама ҳолат саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар ҳисобот қайд гардид, ки дар давоми нимсола ба сафи ҲХДТ 8 ҳазору 680 нафар шомил гардида, дар ин давра шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар ВМКБ - 14 адад, вилояти Хатлон- 26 адад, вилояти Суғд -62 адад , шаҳри Душанбе - 27 адад , шаҳри Турсунзода 2 адад, шаҳри Ваҳдат - 4 адад, ноҳияи Рашт - 11 адад, Ҳисор - 3 адад, ноҳияи Рӯдакӣ 1 адад, ноҳияи Шаҳринав 1 адад, ноҳияи Сангвор - 3 адад, ноҳияи Файзобод 1 адад ва ноҳияи Тоҷикобод 1 адад зиёд гардиданд. Ба ҳолати 13-уми июни соли 2023 ба Барномаи махзани ягонаи электронии аъзои ҳизб аз ҳисоби умумии аъзои ҳизб, ки 530 ҳазору 178 нафарро ташкил медиҳад, тибқи маълумоти  расмӣ 500 ҳазору 923 нафар ба Барномаи махзани ягонаи электронӣ ворид гардидааст, ки 94,4%-ро ташкил медиҳад.
 

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон - Саидзода Ҷамшед Ҳамро, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд - Салимзода Фирдавс, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ - Саидмусалламова Чамангул, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода - Ҳабибуллозода Нурулло вобаста ба фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар нимсолаи якуми соли равон баромад карданд.
Дар идома муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ баён намуда буданд, махсус таъкид намуд. Мавсуф ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, махсусан ба қабули сифатноки аъзои ҳизб, татбиқи низомномаҳои ҳизбӣ, талаботи оинномавӣ ва барномавии ҳизб, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои ҳизбӣ, риояи Одобномаи корманди ҳизб, ҷоннок намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, сафарбар намудани мутахассисон ва коргарон барои кор дар иншоотҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», равон намудани гурӯҳи донишҷӯёну хонандагон ва кормандони ҳизбӣ баҳри дидан намудан аз иншооти бузурги аср - НБО “Роғун”, баланд бардоштани масъулияти ҳизб ҳамчун сарпарасти маънавии НБО “Роғун”, раванди корҳои сохтмонӣ дар биноҳои ҳизбии як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон, роҳандозии чорабиниҳое, ки баҳри густариши худшиносиву ватандӯстӣ мусоидат менамоянд ва саҳмгузорӣ дар маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳои корҳои дохилиҳизбӣ ба масъулони ҳизб дар вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Тавсия дода шуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ алоқаро бо васоити ахбори оммаи давлатӣ, мустақил ва нашрияҳои ҳизбӣ вусъат бахшида, ҳадафи ҳизбро ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа дуруст шарҳу тавзеҳ диҳанд. Дар асоси қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ маъракаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботиро дар ташкилотҳои ибтидоӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҷиҳати татбиқ намудани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва дигар санадҳои қонунгузорӣ пешсаф ва намунаи ибрат бошанд.
 

Таъкид гардид, ки қабулгоҳҳои ҷамъиятии назди кумитаҳои иҷроияи ҳизб тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», Дастурамали коргузорӣ оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон бояд ҳамеша фаъол бошанд ва арзу шикояти мардумро сари вақт баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда посухи муносиб ва саривақтӣ дода, тавассути қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб дар шаҳри Москва ва сохторҳои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ алоқаро бо диаспораҳои тоҷики муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия тақвият бахшида, бо муҳоҷирати меҳнатӣ – аъзои ҳизб ҳамкориро тавсеа бахшанд. Ҷиҳати баргузории  мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис диҳанд. Ҳамкориро бо сохторҳои мақомоти маориф ва илм, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, занон ва оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, комиссариатҳои ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вусъат бахшанд. Дар партави иқдоми чоруми байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ва ташаббуси панҷуми байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намудани соли 2025 аксия ва чорабиниҳои таблиғотӣ ташкил ва баргузор намоянд.
 

Ҳама сохторҳо муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба солҳои рушди саноат, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон даъват намоянд.
 

Ҳамзамон, аъзои Раёсат дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома тасдиқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2023 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дар асоси рӯзнома бо қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб 28-уми июли соли 2023 даъват карда шуд.
Дар охир аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.
 
Манбаъ: hkhdt.tj