Идомаи корҳои созандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъмурият ва коллективи омӯзгорон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Восеъ бо ҷамъбаст намудани соли таҳсил сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, таъмири ҷории синфхонаҳо ва дар умум муассисаро ба анҷом расонида истодаанд.Айни ҳол, таъмири ҷории муассисаро омӯзгорон, кормандони техникии муассиса ва сохтмончиёни бомаҳорат ба насб намудани дару тирезаҳои замонавӣ, рангубор намудани роҳравҳо ва гирду атрофи муассиса машғуланд. Боиси қайд аст, ки дар таъмири синфхонаҳо сокинони меҳнатдӯст махсусан, директор ва омӯзгорони муассиса, саҳми бевоситаи худро гузошта, нақша доранд то оғози соли таҳсил ба итмом расонида, ҳамчун тӯҳфа ба хонандагон ҳадя созанд.