ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ НАВИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БО НОМИ “ИЛҲОМ”

Темурмалик: Ҳисобот  

Санаи 25-уми июли соли равон дар Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, вохӯрии судманд  баргузор карда шуд.

          Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бандҳои алоҳидаи он ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.

          Ҳамчунин вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва киштукори заминҳои обӣ ибрози андеша карда шуда, аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ба шунавандагон расонида шуд.

          Бо таклифи онҳо ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Илҳом” таъсис дода шуд. Оймаҳмадова Бибимо ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илҳом” интихоб гардид.