МАОРИФ-СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бе рушди соҳаи маориф таъмин намудани рушди соҳаҳои дигар ғайриимкон аст, аз ин рӯ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, барои рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад, аз ин ҷост, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва раванди таълиму тарбия ба таври назаррас рушд кард.

          Санаи 25-уми июли соли равон раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод Сафарзода Сулҳиддин бо мақсади аз наздик шинос шудан аз таъмири муассисаҳои таълимӣ дидан карданд.

         Зимни дидан кардан масъулин, аз муассисаи таълими №15-и Ҷамоати. деҳоти. Ҳусайнобод дидан намуданд. Ҳамзамон аз рафти сохтмони иловагии муассиса дидан намуданд.

         Зимни боздид аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби масъулин таъкид ба он оварда шуд, ки таъмир барои соли хониши 2023-2024 хеле босифат ба анҷом расонида шавад ва барои анҷоми корҳо дар ин самт аз ҷониби масъулин маслиҳатҳои судманд дода шуд.