СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ПОЯНДА БОД!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бояд гуфт, ки дар таърихи навини давлатдории миллии миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки ҷони худро сипар намуда, кўшишу ғайрат намуданд, то ки мардуми шарифи тоҷикро аз вартаи нестӣ, ҳалокат, нобудӣ бираҳонанд ва дар ташкили давлати миллии тоҷикон пояи асос бигузоранд.

Далели бисёр ҳам возеҳу равшани Пешвои воқеъанҳам  мардумӣ будани Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ба шарофати заковату хирад ва ҷонисориҳои ў ягонагии давлат ва халқ ба вуҷуд омадааст. Ҳамчунин, муҳаққик Н. Асозода қайд менамояд, ки Эмомалӣ Раҳмон на фақат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки Асосгузори мактаби давлатдории миллӣ ва эҳёгари суннатҳои давлатдории аз ёдрафтаи миллати тоҷик аст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар таъриху тамаддуни инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир бар вай шахсиятҳои бузург эҳдо намудааст, то чун оҳанрабо халқашро дар атрофаш муттаҳид кунад, дар сарзаминаш бо созандагиву бунёдкорӣ машғул шавад, тамомияти арзияшро ҳифз карда, марзу бумашро аз ҳуҷуми душманон эмин нигоҳ дорад.

Ҳамин аст, ки  марудми сарбаланди диёри зебоманзари ноҳияи Балҷувон низ пайваста кушиш менамоянд, ки бо бунёдкориву созандагӣ ва сарсабзиву хуррамии диёр баёнгари вафодориву садоқат ба боварии Пешвои ҳақиқатанҳам  мардумӣ бошанд.