БАРГУЗОР НАМУДАНИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22 июли соли равон дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Ёвон Аксияи тозагии атроф баргузор карда шуд. Дар баргузории аксияи мазкур сокинони маҳаллаҳои  мазкур, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб иштироки фаъолона намуданд.

Ҳамзамон, дар шанбегии дастаҷаъмонаи ин маҳалла раиси намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, иброз доштанд, ки маҳалдори ватандорист ва мо бояд барои гул - гулшукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Инчунин, сокинон маҳаллаи мазкур аз ташрифи раиси ноҳия руҳбаланд гардида, бо як дасту дили пок барои тозагии маҳал саҳми худро гузоштанд.