ЗАХИРАИ ЧОРВОДОРӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Имрӯзҳо кишоварзони ноҳия баҳри захираи хӯроки чорво кӯшиш ба харҷ медиҳанд, зеро ин заминаи мусоид барои болоравии сатҳи иқтисодии ҳар як хонавода ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар сарзамини мо мардум ҳосили ғаладонагиҳои худро ҷамъоварӣ намуда, ҳамчунон хӯроки чорвои худро ғундорӣ карда истодаанд.

            Имрӯз муовини раиси-мудири шуъбаи кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар раванди ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳия иштирок намуданд ва ба хоҷагидорон оиди истифодабарии мақсадноки заминҳои кишоварзӣ ва захираи хӯроки чорво тавсеаҳои муфид доданд.