ДАСТРАСИИ НИЁЗМАНДОН БА КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Яке аз он тадбирҳо ин ҷорӣ гардидани низоми кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо равона шудааст.
 

Ҳоло дар мамлакат ҳазорҳо нафар гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд. Шарифзода Ҳоҷӣ, як сокини ноҳияи Кӯшониён соли 2022 кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мегирифт. Ба гуфтаи ӯ ин гуна кумакҳо бо маблағи 128 сомонӣ дар се марҳила ҳудуди 400 сомониро ташкил медод.
 

«Ин миқдор пул барои мо оилаҳои нодор маблағи кифоя аст, ки аз ин ҳисоби хароҷоти хизматарсониҳои коммуналиро пардохт мекунем. Мо аз ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор ҳастем»,- мегӯяд Шарифзода Ҳоҷӣ.

Ба нақли Суҳроби Маҳимбек, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, дар доираи барномаи барои солҳои 2022-2023 дар ноҳия ду ҳазору 414 нафар гирандагони кумакҳои унвонӣ иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудаанд.
 

Ба гуфтаи мавсуф омори муроҷиаткунандагони оилаҳои камбизоат дар солҳои 2022-2023 нисбати солҳои 2020-2021 дар ноҳия зиёд шудааст, ки сабаби афзоиш ёфтани он афзоиши нуфузи аҳолии ноҳия арзёбӣ мегардад. Ҳадафи ҷорӣ гардидани низоми кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ин баланд бардоштани некуаҳволӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад.
 

Баъзе оилаҳои камбизоате, ки бори аввал мехоҳанд кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бигиранд, намедонанд бо кадом ҳуҷҷатҳо ба мақомот муроҷиат намоянд. Суҳроби Маҳимбек мегӯяд, ки онҳо метавонанд бо ҳуҷҷатҳои мисли нусхаи шиносномаи сардори оила, нусхаи шаҳодатномаҳои фарзандон ва   маълумотнома дар бораи ҳайати оила муроҷиат намоянд.
 

Ба шаҳрвандоне, ки барои гирифтани кумкпулии унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд, аз ҷониби шахсони масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ва кумитаи маҳалла варақаҳои зарурӣ, аз ҷумла «Ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ»,»Маълумотнома дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила» ба таври ройгон дода мешавад.
 

Инчунин, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораҳои коммуналию манзилӣ ва кумитаҳои маҳалла аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳояшон қабул намуда, дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупоранд. Кормандони мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоми ҳуҷҷатҳои аризадиҳандаро барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некуаҳволии оила дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз ба маҳзани ягонаи феҳристи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоии мақоми ваколатдори давлатӣ ворид менамоянд. Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот дар маҳзани ягонаи феҳристи иттилоотии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тибқи талаботи Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъин ва ё рад карда мешавад.
 

«Мо масъулини мақомоти ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки сатҳи камбизоатиро дар ноҳия коҳиш диҳем. Яке аз роҳҳои паст кардани камбизоатӣ ин фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ мебошад»,-мегӯяд Суҳроби Маҳимбек.
 

Масъулон иброз медоранд, ки оилаҳои гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба муҳлати 12 моҳ бо пешниҳод намудани маълумотнома дар бораи сатҳи камбизоатӣ метавонанд дигар имтиёзҳоро, масалан дар самти тиббӣ низ истифода баранд. Ин маълумотнома дар бораи мақоми камбизоатӣ аз тарафи бахшҳо ва шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрвандон дода мешавад.
 

Баъзе аз оилаҳои доро ба хотири ба даст овардани чунин маълумотнома ба масъулини Ҷамоатҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда, худро ҳамчун оилаи камбизоат сабт мекунанд. Бинобар иттилои Суҳроби Маҳимбек, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Хуросон,  соли 2022 зимни гузаронидани мониторинг 13 ҳолати воридшавии оилаҳои доро дар барномаи мазкур сабт гардида буд.
 

Ҳаҷми кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар соли 2022, 128 сомонӣ буд, ки ин рақам дар соли 2023, ба 136 сомонӣ расонида шудааст,-гуфт Суҳроби Маҳимбек.
 

Пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба таври нақдӣ ё бо роҳи интиқоли маблағ ба суратҳисоби махсуси шаҳрванд, инчунин бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар маҳалли зисти аризадиҳанда анҷом дода мешавад.
 

Маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоие, ки сари вақт бо айби сардори оила ва шаҳрванди камбизоат гирифта намешавад, дар моҳҳои минбаъда пардохт карда мешавад. Агар дар давоми 6 моҳ гирифта нашавад аз ҷониби Бонки давлатии «Амонатбонк» ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад.
 

Тибқи иттилои расмӣ дар соли 2022 ба оилаҳои камбизоати кишвар 116,1 млн сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст,  ки ин  нисбат ба соли 2021-ум 11 млн сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар кишвар беш аз 220 ҳазор оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд ва давоми панҷ соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 25,5 ба 22,5 дарсад поин омадааст.

Амонҷон Муҳиддинов,

«Ҳамрози халқ»