ТАВСИЯҲОИ ТАБИБОН ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ ШАДИДИ МЕЪДАЮ РӮДА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо фаро расидани фасли тобистон бархе аз бемориҳои мавсимӣ аз ҷумла, бемориҳои шадиди меъдаю рӯда авҷ мегиранд.

Ба андешаи табибон бемориҳои шадиди меъдаву рӯда аз асари сирояти бадани инсон аз бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стреп-тококҳо, диплакокҳо хуруҷ менамояд. Муродҷон Бобоҷонов, духтури сироятии Маркази саломатии калонсолони шаҳри Бохтар мегӯяд, ки бемориҳои шадиди меъдаю рӯда ба воситаи наздик шудан ба нафарони солим метавонад гузарад, яъне бо либос, зарфҳои ошхона, тавассути оби тозанашуда, ҳатто ҳайвоноти хонагӣ  низ василаи гузариши ин беморӣ мегардад. Ҳамчунин, ин беморӣ тариқи ҳавоӣ-қатрагӣ ҳангоми муошират ва алоқа бо бемор интиқол меёбад.
 

Бемориҳои шадиди меъдаю рӯда аломатҳои хоси худро дорад, ки дар ҳолати сироятшавӣ ба ин беморӣ ҳолатҳои исҳоли шадид дарунравии зиёд, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, ҳароратбаландӣ, хушкшавии даҳон, бемадорӣ, камшавии вазн ва заифии бадан мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи Муродҷон Бобоҷонов ҷараёни вазнини беморӣ ба он оварда мерасонад, ки оби бадан ва микроэлементҳои он талафоти ҷиддӣ дида, ҳатто метавонад боиси марги кӯдак гардад.
 

Имрӯзҳо аксарияти волидайн худсарона ба муолиҷаи фарзандон мепардозанд ва дар натиҷа  кӯдаконро дар ҳолати вазнини беморӣ ба беморхонаҳо меоранд, ки табобат дар ин марҳила басо душвор аст.
 

Табибони соҳа бар ин назаранд, ки пешгирӣ аз бемориҳо беҳтарин кафолати солимии инсон мебошад. Бинобар ин, Муродҷон Бобоҷонов ба волидайн тавсия медиҳад, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ба хусус бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, зарур аст, ки ба фарзандон аз синни хурдсолӣ гигиенаи шахсиро омӯзонем. Дар мисоли он ки пеш аз тановули хӯрок бо собун шустани дастон, истеъмоли меваю сабзавоти тару тоза ва ба хубӣ шусташуда, нӯшидани оби ҷӯшомада ва ё софкардашуда, таъмини тозагиву покизагии хона ва ашёҳои иҳотакардаи кӯдак, эҳтиёткорӣ ҳангоми шиноварӣ дар ҳавзҳои умум, даст кашидан аз ғизоҳои аз муҳлат гузашта, ҷудо кардани зарфҳо ва дигар ашёҳои бемор аз дигарон ва амсоли инҳо.
 

Дар ҳолати пайдо гардидани аломатҳои беморӣ мебояд саривақт ба табибон муроҷиат кард, то ин ки бо сари вақт оғоз намудани муолиҷа, истеъмоли нӯшокии зиёд, истеъмоли таомҳои парҳезӣ ва даст кашидан аз хӯрокҳои сахту серравған ва ширинӣ бемор сари вақт табобат ёфта, ба ҳаёти солим идома диҳад,-  мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
 

Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки дар фасли гармо сирояти вирусӣ дар байни кӯдакон бештар ба қайд гирифта мешавад, ки онро аксаран «бемории дастони чиркин» низ ном мебаранд. Яъне, истеъмоли нодурусти  ғизо бо дастони нашуста, бозичаҳо, шиноварӣ дар ҳавзҳои умум, ки кӯдакон ба ин тариқ метавонанд обҳои ҳавзро фурӯ баранд, ҳамчунин истеъмоли ғизои пастсифат ва ё аз муҳлат гузашта, меваю сабзавоти ношуста ва ғайраҳо омилҳои сар задани бемории мазкур мегардад.
 

Тавре Муродҷон Бобоҷонов мегӯяд, магасҳо, ки бештар дар ахлотҷойҳо сукунат дошта, баъдан болои ғизо нишаста, онро ба микробҳои зараровар олуда менамоянд. Ҳамин тавр, истеъмолкунандагони ин ғизо сироят ёфта, ба бемории дарунравии шадид гирифтор мешаванд.


 

Дар ҳолати ба мушоҳида расидани ин гуна бемориҳо бояд тибқи тавсияи табибон амал карда, зарфҳои истифода мебурдаи ӯро ҷудо бояд кард. Барои пешгирӣ намудан аз бемориҳои сироятӣ бояд пеш аз ҳама, ба тозагии муҳити зист таваҷҷуҳ намуда, пеш аз истеъмоли ғизо дастонро бо собун шуст. Табибон тавсия медиҳанд, ки дар мавсими гармо дар баробари риояи қоидаҳои санитарӣ ва ба ҷойи нӯшобаҳо истифода бурдани оби ҷӯшонидашуда, ҳамзамон, нуқтаҳои партовгоҳ, ҳоҷатхонаҳо ва каналу ҷӯйборҳои обравро тоза бояд нигоҳ дошт.
 

Тавре табибон изҳор медоранд,  дар мавриди пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ пеш аз ҳама, масъали мардумиро ба инобат гирифт, ки; “Солимии ҳар як шахс дар ихтиёри худи ӯст”.
 

Бинобар ин, барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо мебояд, ба тозагӣ ва риоя намудани тавсияи духтурон дар мавриди бемориҳои сироятӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуд. Зеро аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки сабаби асосии сироятшавии наврасону кӯдакон ба бемории шадиди меъдаву рӯда аз асари истеъмоли оби ҷӯю каналҳо мебошад, - изҳор дошт дар фарҷоми суҳбат Муродҷон Бобоҷонов.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози Халқ”