НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

18 июли соли равон маҷлиси ҷамъбастии нимсолаи якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён  доир гардид.Дар   маҷлис  узви Кумитаи  Иҷроияи  Марказӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии То-ҷикистон, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Гулмуродзода Қумринисо  фаъолон, вакилони ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат доштанд.
 

Бояд тазаккур дод, ки дар  рӯзномаи маҷлиси ҷамъбастӣ  3 масъала,  аз ҷумла  ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи дуюми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда, тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ пешниҳод гардида буд.
 

Нахуст, маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  Ҳакимзода Миҷгона кушода,  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар семоҳаи дуюми соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда баромад кард.
Сипас, аз рӯи масъалаи якум раисони ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён” ва “Ҷавонон ва варзиш” ба музокира баромада, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ давоми шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ фикру мулоҳизаҳои хешро изҳор доштанд.

 

Инчунин, вобаста ба масъалаи 2-юм ва 3-юми  рӯзномаи маҷлис,  тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои нимсолаи дуюми соли 2023” қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
 

Дар идома Қумринисо Гулмуродзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин доир ба иҷрои саривақтии нақшаи обуна ба нашрияи ҳизбии “Минбари халқ”, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон оид ба сафарбаркунии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, пешниҳоди вокунишҳои фаврӣ аз ҷониби вакилон, роҳаброни ташкилотҳои ибтидоӣ ба маводҳои иғвоангези гурӯҳҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи сазовор аз санаҳои муҳими таърихӣ 30-солагии таъсисёби ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амсоли инҳо баромад намуда, ҷамъомадагонро барои татбиқи ҳадафҳои созанда раҳнамоӣ карданд.