ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО СОКИНОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

14 июли соли ҷорӣ  гурӯҳи  таблиғотӣ дар ноҳияи Қубодиён таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳифзи ҳуқуқ, дин, маорифу тандурустӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва донишмандону коршиносон бо сокинони  ҷамоатҳои деҳоти Новобод ва Тахти Сангини ноҳияи мазкур суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар баромади хеш ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ,  пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғон, ҷавонону занон, инчунин риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуд.

Ҳамчунин Саидзода Ҷамшед Ҳамро қайд кард, ки мардуми сарбаланди тоҷик зери сиёсати ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо неруи бузург  дар татбиқи   иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири  рушду тараққиёти  сарзамини аҷдодӣ саҳми назаррас дошта, барои пойдории сулҳу субот ва боз ҳам расидан ба  зиндагии босаодат  талош менамоянд.
 

Дар идомаи вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ доир ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи марзу буми Ватан,  вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ба хотири  пешрафти ҷомеа, шукуфоии  меҳан   саҳмгузор бошанд.
 

Сипас, дар пайравӣ аз  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расонидани кумаки моддию молиявии яквақтаина ба оилаҳои ниёзманду бепарастор, маъюбону барҷомондагон бо дастгирии  ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин” ва  ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Навобод" ба 6 оилаи ниёзманд маводи  ғизоӣ  кумак  расонида шуд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон изҳор дошт, ки ниёзмандону барҷомондагон ва маъюбон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии  давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, доимо дастгирӣ меёбанд.

“Ҳамрози халқ”