БАРҶОМОНДАГОН МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲИ ҲАМЕШАГӢ ҚАРОР ДОРАНД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар баробари кумак ва дасти ёрӣ дароз намудан ба ашхоси ниёзманд имрӯзҳо аз ҷониби Маркази хизматрасониии иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба нафарони бемору барҷомонда хизматрасониҳои гуногун карда мешавад.

Кузьмина Елена Владимировна аз ҷумлаи барҷомондагонест, ки ба синни 91  расидаасту имконияти либосшӯӣ ва пухтупазу дигар корҳои рӯзгордориро надорад. Бинобар надоштани парастор кормандони Маркази хиз-матрасониии иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳамарӯза ба ӯ кумакҳои тиббию иҷтимоӣ мерасонанд.
 

Ӯ зодаи Федератсияи Русия буда, аммо бештари умри худро дар Тоҷикистон сипарӣ намудааст. Пас аз хатми таҳсилоти касбӣ ҳамчун мутахассиси истгоҳи барқи – обӣ  вайро барои  кор ба Тоҷикистон сафарбар менамоянд. Ҳамин тавр, баъди фаъолияти чандинсола дар Тоҷикистон Кузьмина Елена Владимировна хоҳиши барои ҳамешагӣ дар Тоҷикистон мондан дошт.
 

Давоми фаъолияти бисёрсола Кузьмина Елена Владимировна дар рушди  стансияи барқи – обии вилоят, аз ҷумла шаҳри Бохтар саҳми худро гузоштааст. Барои хизматҳои арзандааш аз ҷониби масъулин ифтихорномаю сипосномаҳоро сазовар гардида, то ҳол санаду сипосномаҳои дар солҳои гуногун гирифтаашро дар хона ҳифз намудааст. Вай аз мутахассиси оддӣ сар карда дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият бинмудааст.  
 

Мавсуф миннатдории хешро ба миллати тоҷик, аз ҷумла Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эамомалӣ Раҳмон  мерасонад, ки як миллати парокандаро сарҷамъ ва Тоҷикистони замоне дар гирдоби даргириҳоро ба давлати ободу осоишта ва пуриқтидор мубаддал гардонид.
 

 Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатамон имрӯз халқу миллатҳои гуногун дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз мисли дӯсту бародар зиндагӣ доранд,- мегӯяд ӯ.
– Аз масъулон ва кормандони Маркази хизматрасониии иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри

Бохтар миннатдорам, ки  ҳамарӯза аз ҳолу аҳволи мо ниёзмандон пурсон шуда, дар корҳои гуногуни манзили истиқоматиам ба ман ёрӣ мерасонанд. Ҳамзамон, мо ниёзмандон зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ҳар як иду ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша кумакҳои яквақтаина мегирем.
Тибқи иттиллои масъулини Маркази хизматрасониии иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар давоми шашмоҳи соли 2023 дар қайди ин марказ 266 нафар пиронсолону маъюбони яккаву танҳо ва барҷомонда ба қайд гирифта шудааст.

 

Бинобар гуфтаи Самизода Санавбар, директори Маркази хизматрасониии иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар қайди марказ 266 нафар ниёзмандони иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 152 нафарашон бонувон мебошанд. Ба ин гурӯҳи ниёзманди аҳолӣ 30 нафар кормандони мо мутобиқи реҷаи корӣ аз рӯи 5 номгӯ, аз ҷумла хизматрасониҳои иҷтимоӣ маи-шӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ тиббӣ, хизматрасониҳои иҷти-моӣ равонӣ, хизамтрасониҳои иҷтимоӣ педагогӣ, хизмат-расониҳои иҷтимоӣ ҳуқуқӣ хизмат мерасонанд.
 

Муҳайё Мамараҷабова, муовини директори Маркази хизматрасониии иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар мегӯяд, ки аз ҷониби корамандони Марказ ба ингуна шахсон аз бозору мағозаҳо маводҳои ғизоӣ харидорӣ карда, ба манзилҳояшон бурда мерасонанд. Ҳамзамон хонаҳои онҳоро тозаю озода намуда, дар ҳолати лозим ба онҳо ёрии таъҷилии тиббӣ расонида мешавад.

Давоми шаш моҳи соли равон бо фароҳам гардидани шароити хуби зиндагӣ 22 нафар ниёзмандон аз қайди маркази мазкур баровада шуда, 13 нафари дигар,  ки маъюбият ва яккаву бепарастор мебошанд, ба қайд гирифта шудааст, - иброз дошт Муҳайё Мамараҷабова.
 

 Дар идомаи суҳбат Самизода Санавбар иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони Маркази хизматрасонии иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ин пайдо намудан ва ба қайд гирифтани нафароне мебошад, ки дар ҳақиқат ба кумаку ёриҳои гуногун эҳтиёҷ доранд.
 

Дар арафаи иди Рамазон дар якҷоягӣ бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ба 130 нафар  ниёзмандон маводҳои хӯрока, аз қабили шакар, равған, биринҷ, макарон, хокаи ҷомашӯӣ ва собун харидорӣ шуда саривақт ба хонаҳояшон расонида шуд. Ҳамчунин, дар рӯзи Иди Саиди Қурбон низ ба 10 нафар  бошандагони Марказ бо маблағи 1950 сомонӣ маводи гуногуни ғизоӣ расонида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Дар иртибот ба ин, бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври доимӣ ба ин табақаи эҳтиёҷманди мамлакат кумакҳои гуногун расонида мешавад.

 

Хушбахтона, солҳои охир дар арафаи Рӯзи маъюбони Тоҷикистон ба нақша гирифтан ва ташкили чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ, инчунин расонидани кумакҳои моддию молиявӣ ба хонаҳои кӯдакону пиронсолони маъюб ва умуман ба маъюбони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”

13.07.2023