МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ХАТЛОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Санаи 11-уми июли соли равон  дар  Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъ-олият дар нимсолаи якуми соли 2023  ва  вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ-раисони шаҳру ноҳияҳо, раи-сони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин, мудирони шуъбаҳои кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Бохтар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.    
 

Дар Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъ-олияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои он барои нимсолаи дуюми соли 2023, ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъ-олияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро баромад намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар нимсолаи аввали соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дод.
 

Боиси зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 2807 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин 1463 адад ба ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳот бо фарогирии 35% аъзо рост меояд. Шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 адад зиёд гардида, дар ин давра дар самти афзудани теъдоди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Қубодиён ва Муъминобод фаъолонокӣ нишон доданд.

- Дар нимсолаи якуми соли 2023 шумораи аъзои ҳизб дар вилояти Хатлон ба 186 ҳазору 412 нафар расидааст, ки аз ин 93 ҳазору 960 нафар ё худ 50,4 дарсадро бонувон ва 60 ҳазору 149 нафар баробари 32,3%-ро ҷавонон ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 7 ҳазору 886 нафар ба сафи ҲХДТ қабул карда шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан зиёд мебошад.
 

Бинобар гуфтаи Саидзода Ҷамшед дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади тарғиб ва татбиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар ташкилоту муассисаҳо  5 ҳазору 164 суҳбату вохӯриҳо бо фарогирии 197 ҳазору 328 нафар, инчунин миёни  сокинони деҳу маҳаллаҳо бошад, 3 ҳазору 11 маротиба бо фарогирии 116 ҳазору 118 нафар  баргузор карда шуд.
 

Корҳои ободонӣ асосан дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем!» роҳандозӣ шуда, бо ташаббускориҳои сохторҳои ҳизбӣ дар доираи аксияҳои эълонгардида корҳои муайяни ободонӣ амалӣ гардиданд. Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби соҳибкорон ва ташкилотҳои ибтидоӣ 550 км роҳҳои байни кӯчаҳо сангфарш ва 229 км роҳҳо мумфарш карда шуданд. Дар ин давра 281 ҳазору 184 бех ниҳол шинонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
 

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Амалиёти муштараки ҳизбии “Мактаби ман” бо иштироки 62019 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 4 ҳазору 274 муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо доир карда шуда, вобаста ба бартарафсозии камбудию норасоии муассисаҳо суҳбат ва таклифҳо анҷом дода шудааст. Бояд гуфт, ки аз тарафи собиқ хатмкардагон ба маблағи 2 миллиону  42367 сомонӣ, ҷиҳати бунёди синфхонаҳои иловагӣ, таъмир ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо, тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо  корҳо анҷом дода шудааст.

Бо роҳи баргузории дарсҳои кушод дар доираи Амалиёти муштараки ҳизбии «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ маърӯзаҳо ва суҳбату вохӯриҳо бо ҷалби олимон, коршиносон, собиқадорон ва кормандони ҳизбӣ дар 5 ҳазору 220 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ бо фарогирии 624 ҳазору 383 нафар хонандагон баргузор гардид.
 

Бо мақсади роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои ҲХДТ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 177 адад конференсияҳо, 303 адад мизҳои мудаввар, 446  маҷлиси тантанавӣ, 416  чорабинии фарҳангӣ, 551 варзишӣ, 868 адад аксияю озмунҳо ва 3061 аёдат ҷиҳати дастгирии ниёзмандон гузаронида шуд.  
Дар дарви ҳисоботӣ  нашри мақолаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла, дар сомонаи Hkhdt Tojikiston 239 адад, 344 адад мақолаҳо дар рӯзномаҳои даврӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ), 288 адад таҳия ва нашри видеороликҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шудаанд. Инчунин, 3957 маротиба баргузории соатҳои сиёсӣ дар Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба миён гузошта шуда, 340 адад шиору овезаҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар маконҳои серодам насб карда шуданд. Ҳамзамон 108 адад мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷониби раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо ва 295 адад аз ҷониби кормандони ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нашр гардидааст.

 

Дар рафти баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони вилоят зиёда аз 84 ҳазору 245 адад варақаҳои иттилоотӣ дастраси сокинон  карда шудааст.Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ин давра ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ба таври васеъ миёни фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб, наврасону ҷавонон ва кулли сокинони ҷумҳурӣ бо назардошти муҳимияти масъала бо иштироки фаъоли олимону донишмандон, коршиносони соҳа, аҳли зиё бо таҳияи нақшаи чорабиниҳо, ҳамоишҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, озмунҳо ва мақолаву видеороликҳо корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.    

Бояд қайд намуд, ки дар ин раванд аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 145 адад озмунҳо, 469 адад мақолаҳо, 88 адад видеороликҳои тарғиботӣ, 267 адад аксияҳо, 211 адад мизҳои мудаввар, 70 маротиба иштирок дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ ва 816 адад дигар чорабиниҳои вобаста ба ин масъала баргузор гардидааст.
 

Дар самти кор бо занон корҳо бо маром идома дорад. Қайд кардан зарур аст, ки айни замон дар вилояти Хатлон 1 миллиону 788 ҳазору 919 нафар занону духтарон кору иқомат менамоянд, ки 49,7 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд ва нисбати соли гузашта 37 ҳазору 968 нафар занон зиёд гардидаанд.
 

Аз тарафи шуъбаҳои кор бо занон дар кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо ҳайати гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 1 ҳазору 257 суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо фарогирии зиёда аз 16 ҳазору 695 нафар дар байни сокинон дар деҳаю маҳаллаҳо доир гардиданд.
 

Чорабиниҳои зиёди баргузорнамудаи шуъбаҳои кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар ВАО, аз ҷумла дар нашрия ва сомонаҳои расмии ҳизбӣ, инчунин дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Новобаста ба ин, зикр кардан зарур аст, ки бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи оила дар умум бо ибтикору ташаббуси шуъбаҳои кор бо занони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 4300 чорабинӣ ва вохӯриҳои гуногун дар ҳудуди вилоят баргузор гардида, беш аз 290 нафар собиқадорон ва занони фаъол аёдат карда шуданд. Бояд гуфт, ки 340 мавод оид ба баргузории ин чорабиниҳо дар сомонаи ҳизбӣ ва шабакаи иҷтимоии “Facebook” ҷойгир карда шуда, 4050 варақаҳои таблиғотӣ ба мардум дастрас  карда шудаанд.
 

Аксияҳои ҳизбии “Мо модарон ба дидорбинии фарзандонамон-аскарбачаҳо меравем!”, “Модар ту биҳишти ҷовидонӣ!” бо тақдими гулҳои тару тозаи баҳорӣ ва варақаҳои табрикотӣ, чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони “ Зан-зевари умр”, мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”, чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Оилаи солим- кафолати фардои босаодат” аз зумраи онҳо мебошанд. Дар ин чорабиниҳо дар баробари роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҳамзамон намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд.
 

Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҷамоатҳои шаҳраку  деҳот, деҳаву маҳалҳо чорабиниҳои идона таҳти унвони “Наврӯзи оламафрӯз”, “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд”, “Наврӯзи хуҷастапай”, “Ҷилваи Наврӯз”, “Маликаи Наврӯз” миёни сокинон баргузор карда шуда, намоиши ҳунарҳои дастии занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуданд.
 

Бояд қайд намуд, ки дар ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ташкилотҳои ибтидоии вилоят 2722 адад чорабиниҳои идона, 606 чорабиниҳои тантанавӣ, 1012 чорабиниҳои фарҳангӣ, 612 вохӯрию мулоқотҳо, 260 мусобиқаҳои варзишӣ, 77 Аксияҳои ҳизбӣ гузаронида шуда, 177 нафар шахсони ниёзманд аёдат карда шуданд. Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хосаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад, ки он дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.
 

Мавриди зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 ба қишрҳои осебпазир (хона-интернет, маъюбон, ниёзмандон) бо дастгирии фаъолони ҳизб, соҳибкорони саховатпеша ба маблағи 3009310 сомонӣ ба 6245 нафар, аз ҷониби вакилони ҳизбӣ 549466 сомонӣ ба 1234 нафар, аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба 857 оилаҳои эҳтиёҷманд ба маблағи 196550 сомонӣ кумакҳои моддиву молӣ расонида шуда, дар қисмҳои низомӣ аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи 453940 сомонӣ ба 4625 нафар, аз ҷониби вакилони ҳизбӣ 385477 сомонӣ ба 3319 нафар ва аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 98170 сомонӣ ба 2253 нафар сарбозон туҳфаҳо тақдим карда шуда, дастархони идона ороста шуд.       
 

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тибқи қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон №18 аз 15.10.2021 сол «Дар бораи додани нафақаи ҳизбӣ» ба маъюбон аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба 82 нафар ба маблағи 183000 сомонӣ ва аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба 15 нафар маъюбон дар ҳаҷми 37500 сомонӣ нафақаи ҳизбӣ пардохт карда шудааст.
 

Сохторҳои ҳизбӣ дар ростои кор бо ҷавонон бештар фаъолиятро дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, ҳамзамон аз худ кардани донишу ихтисосҳои замонавӣ ва интихоби касби муосир равона кардаанд. Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, 23 феврали соли равон дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои марбута дар қисмҳои ҳарбии дар шаҳру ноҳияҳо воқеъбуда чорабиниҳои фарҳангӣ ва боздиди хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун аз шароити хизмати ҳарбӣ ташкил карда шуд.    
 

Дар давраи сипаригардида бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзи кишвар дар 4 қисмҳои низомии дар ҳудуди вилояти Хатлон мавҷудбуда, бахшида ба ин ҷашн бо ҷалби 6600 нафар ҷавонон ва наврасон, инчунин, 4050 нафар сарбозону афсарон чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Санаи 9 феврали соли равон дар қисми ҳарбии 3503-и Қушунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва дар шаҳри Душанбе, дивизияи хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Артиши миллӣ чорабиниҳои сиёсӣ – фарҳангӣ доир карда шуд. Дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 950 нафар ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд. Рафти чорабиниҳои мазкур тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ инъикос гардид.
 

Яке аз масъалаҳои муҳими фаъолият ин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва сафарбар гардидани онҳо ба хизмати Ватан-Модар мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар маъракаи даъвати баҳорӣ барои адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 146 нафар ҷавонони далеру шуҷоъ ҳамчун сарбози ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд, ки ин аз ватандӯстиву меҳанпарастии онҳо дарак медиҳад.     Дар ин самт 300 машварати фаҳмондадиҳӣ  оид ба сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо раисони кумитаҳои маҳаллаву деҳот - тибқи Роҳнамо барои ҷалби “Сарбози ихтиёрӣ” бо фарогирии 179800 нафар қишрҳои гуногуни аҳолӣ доир карда шуданд.
Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 78 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 264 ҷаласаву ҳамоишҳои ҳизбӣ, 50 мизҳои мудаввару конференсияҳо, 258 суҳбату вохӯриҳо, 89 мусобиқаҳои варзишӣ, 56 аксияҳои тарғиботӣ ва 104 аёдати иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда роҳандозӣ карда шуд.

 

Дар ин замина, аз ҷониби масъулини кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аъзои фаъоли ҳизб бахшида ба ин рӯз 328 андешаву мақолаҳо, видеороликҳо, аксҳо ва маводҳои таблиғотӣ дар сомонаҳои ҳизбӣ интишор гардид.
Дар ин росто, бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар оромгоҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 147 аксияҳои тозагӣ ва шанбегиҳо ташкил намуда, аксия зери унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” бо тақсими 4 ҳазору 789 адад варақаҳои таблиғотӣ баргузор карда шуд. Баргузор намудани озмуни иншои беҳтарин байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзӯи “Ватан - сарчашмаи илҳоми ман” ва бо мукофотҳо сарфароз намудани ғолибон яке аз дигар чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба ин ҷашни бузург ба ҳисоб меравад.

 

Дар идома Саидзода Ҷамшед Ҳамро ироа кард, ки қисмати асосии аҳолии кишварро маҳз ҷавонон ташкил дода, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус равона гардида истодааст. Воқеан, рӯ овардан ба ҷавонон ва такя ба неруи онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад, зеро ҷавонон бо қувва ва неруи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд.
 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа аҳамияти хоса зоҳир намуда, борҳо дар мулоқоту вохӯриҳои худ таъкид намудаанд, ки:  “Ҷавонон ояндаи давлатанд”.
 

Ҳамаи ин гуфтаҳо тасдиқи онанд, ки роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри амалӣ гардонидани нақшаҳо ва ҳадафҳои барномавии худ аз қувваи зеҳнии аъзои худ, бахусус ҷавонон истифода бурда, баҳри расидан ба ин мақсад тамоми чораҳоро меандешад.
 

Ба хотири баланд бардоштани мақом ва нақши ҷавонон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлоламон ботантана таҷлил мегардад.
Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, аксияю озмунҳо, конференсияю мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ роҳандозӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Норак ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Ҷавонон - такягоҳи боэътимоди Ватан” ва дар ноҳияи Восеъ чунин ҳамоиш таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кормандони масъули ҳизбии вилоят баргузор гардида буд.

 

Бо мақсади раҳнамоӣ ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёри худ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии онҳо, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеа, ки яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, санаи 20 май соли ҷорӣ бо сарбозони қисми низомии 13483   дар шаҳри Кӯлоб ва санаи 23 майи бо сарбозону афсарони қисми низомии 07-256 комендатураи ҳарбии гарнизони Хатлон вохӯрии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон доир гардид.
 

Инчунин, санаи 15 июни соли равон дар қисми ҳарбии 3503-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки  роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон, нависандаи маъруф Абдурофеъ Рабиев, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дигар фаъолони ҳизбӣ оид ба масоили пешгирии ҳолатҳои шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, таблиғи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва риояи қонунҳои амалкунанда чорабинӣ доир гардид.
 

Лозим ба ёдоварист, ки бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён  чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки интишори маводҳо бо мақсади паҳн намудани иттилооти хабарии ҳизбӣ дар шабакаи Интернет, бахусус сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла шабакаи иҷтимоии “Facebook” ба роҳ монда шудааст. Бо ин восита метавон то андозае фазои маҷозиро бо маълумоти комил ва манфиатбахш пур карда, имконияти паҳн шудани маводи муғризона ва фитнаоварро маҳдуд намуд. Яъне, ин ташаббус саривақтӣ буда, ҳамчун фишанги идеологӣ аз ҷониби кормандони ҳизбӣ, аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, вокунишгарон ва волонтёрони ҳизбӣ ҷиҳати муқовимат бар зидди ниҳодҳои ифротӣ ва экстремистӣ амал менамояд. Ҳамзамон бо ин восита метавон малака ва сатҳи дониши кормандони ҳизбиро оид ба истифодаи шабакаи Интернет ва технологияҳои муосири иттилоотӣ таҳким бахшид, ки тақозои ҷомеаи муосир мебошад.

 

Дар сомонаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шабакаи иҷтимоии “Facebook” дар давраи ҳисоботӣ 1997 мақолаи таҳлилӣ, андеша ва вокунишҳо дар самти татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ ва муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ  ва тундгаро таҳия ва нашр гардид.Ҳамзамон дар ин давра 11094 вокуниш шарҳ, баромади аудиоӣ ба маводи муғризонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳи вокунишгарон интишор карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 9766 мавод тариқи 7520 пайванд интишор шуда, таваҷҷуҳи 209388 нафар ҷалб карда шуд.
 

Тавре маълум аст, минбари иттилоотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон нашрияҳои «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» ташкил медиҳад. Барои соли ҷорӣ ба нашрияи «Ҳамрози халқ» 21300 нафар обуна гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ 24 шумора бо теъдоди 511 ҳазору 200 нусха чоп гардида, ба дасти хонанда расидааст. Дар нашрия дар ин давра 264 мавод, аз ҷумла 59 мақолаи таҳлилии роҳкушо, 173 хабару гузоришҳо нашр шудаанд.
 

Мавзуъ ва муҳтавои маводи иттилоотӣ аз ҳадафҳои барномавӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таркиб ёфта, ба хонанда тибқи тартиби муқарраршуда расонида шудаанд.
 

Дар пеш моро 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Бояд ҳамаи фаъолони ҳизбӣ барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ин ҷашнҳо фаъолнокӣ нишон дода, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву сиёсӣ, конференсия, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои варзишӣ, аёдати ятимону оилаҳои ниёзмандро дар якҷоягӣ бо фаъолони ҲХДТ ба роҳ монем, иброз дошт дар фарҷоми суханронӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро.
Дар идомаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ба музокира баромада, оид ба фаъолияти ҳизбиён дар давраи ҳисоботӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

 

Сипас, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки самти асосии кори ҳар як ҳизби сиёсиро фаъолияти идеологӣ ва мафкурасозӣ ташкил медиҳад ва рисолати ҳизби сиёсӣ низ дар он ифода мегардад, ки то кадом андоза мардумро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоӣ раҳнамо месозад. Дар маҷмуъ, амнияти идеологияи давлатӣ ва маънавиёти ҷомеа аз сатҳи идеологияи ҳизбҳои сиёсии он сахт вобастагӣ дорад.
 

Мавсуф дар баробари баррасии самтҳои муҳими фаъолияти ҳизбиён таъкид дошт, ки фаъолияти гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз масъалаҳи муҳиме мебошад, ки ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти ҳизб қарор дорад. Зеро амалӣ гардонидани Барномаҳои ҳизб асосан бо воситаи онҳо сурат мегирад. Тавре мушоҳида мешавад, баъзан кори гурӯҳҳои вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ на ҳамеша ба талаботи кори ҳизбӣ ҷавобгӯ мебошад. Вобаста ба ин аъзои кумитаи иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ, фаъолон, кумитаҳои иҷроия, ҳамчунин роҳбарони гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро мебояд, ки барои ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии маҳал дар ҳамбастагӣ амал намуда, бо баргузории вохӯриву суҳбатҳо бо мардум таклифу пешниҳодҳои онҳоро бо мақомотҳои гуногун ҳаллу фасл намоянд.

Фирӯза Шарифӣ ҳамчунин таъкид дошт, ки вакилони ҳизбӣ бояд дар иҷрои амри Президенти мамлакат ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ҳамкории зич дошта бошанд.
Дар маҷлис ҳамчунин муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зимни баромади хеш  оид ба бурду бохти самтҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон андешаҳои худро иброз дошта, аз ҷумла қайд кард, ки мо ҳизбиён зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум пайваста идеяҳои наву созандаро рӯи кор оварда, дар амалисозии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардида истодаем. Бояд гуфт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли равон фаъолияти босамар дошт.  Дар идомаи суханронӣ Хайринисо Юсуфӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро мусбӣ арзёбӣ намуда, барои боз ҳам тақвият ёфтани фаъолияти ҳизбиён ва ислоҳи камбудиҳо тавсияҳои судмандеро, ки иборат аз 11 банд мебошанд, пешниҳод намуд.

 

Баъдан, дар маҷлис ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон тағйирот ворид карда шуд. Бинобар иваз намудани макони зист, берун рафтан аз ҳудуди вилоят собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот аз аъзогии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бароварда шуда, ба ҷойи ӯ ректори донишгоҳи мазкур Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дохил карда шуд. Дар идомаи маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи вилоят ва сохторҳои он барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
 

Дар фарҷоми ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои фаъолияти пурсамар чанде аз фаъолони ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳо ва вилояти Хатлон бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд. Тибқи  ҷамъбасти Рейтинги ҳизбӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сазовори ҷойи якум гардида, “Ҷоми сайёри ҲХДТ”-ро ба даст овард. Ҳамчунин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон сазовори ҷойи дуюм ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷойи сеюм дониста шуда, бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

“Ҳамрози халқ”

13.07.2023