Дар Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ фаъолон қадрдонӣ гардиданд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ягон хизмат ва ё талошу корнамоиҳо барои рушду нумўи кишвар бе подош намемонад ва ҳатман қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар фарҷоми Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ як қатор фаъолони ҳизб ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, барои иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, бахшида ба 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ сарфароз гардонида шуданд ва инчунин ду нафар ҷавонони фаъол аз ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Чорбоғ-МТМУ №29”, ки аризаҳои худро барои пайвастан ба сафи ҲХДТ пешниҳод карда буданд, аз ҷониби масъулон билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.