Таъмири пурраи муассисаи таҳсилоти томактабии №4-ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Восеъ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла бинои муассисаи томактабии №4-и ноҳияи Восеъ ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шуд. Зимни боздид аз муассисаи мазкур мудири маорифи ноҳияи Восеъ Солиҳзода Рустам аз дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таъмиру таҷдиди бино, мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ кардани ҳуҷраҳои он ва тозагиву ободонии муҳити атроф изҳори қаноатмандӣ намуд.