ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сари вақт таъмири ҷорӣ намудани муассисаҳои таълимӣ дар  мактабҳои ноҳия корҳои таъмир, рангу бори синфхонаҳо ва мизу курсиҳо идома доранд.
Ин иқдом бо дастгирии Кумитаи падару модарон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва маблағҳои буҷетие, ки ба ин самт равона гардидаанд амалӣ карда мешавад.
То имрӯз қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда дар боқимонда мактабҳо корҳои таъмирӣ муташакилона идома доранд.
Чунин иқдом дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо маром идома дошта маъмурияти мактаб азм доранд, ки бо дастгирии Кумитаи падару модарон ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар муҳлати кӯтоҳ мактабро аз таъмири ҷорӣ бароварда ба соли нави хониш омода намоянд.