Ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” дар амал татбиқ мегардад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” рафти таъмир ва омодагиҳо ба соли хониши 2023-2024 дар муассисаҳои таълими ноҳия бо маром идома дорад. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Солиҳзода Рустам аз рафти таъмир дар муассисаҳо мунтазам дидан намуда таъкид ба он меорад, ки таъмир босифат ба анҷом расонида шуда, шароити хуб барои хонандагони муҳайё карда шавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки як қисми муассисаҳо аз он ҷумла муассисаҳои таълими №4,59,64 ва №68-и лӯлитаборони ноҳия аз таъмир бароварда шуданд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Солиҳзода Рустам ба директорони муассисаҳои таълимии болозикр баҳои баланд дода ибрати дигарон унвон намуд, ки ин дар натиҷаи беҳтар ба роҳ мондани ҳамкории муассиса бо падару модарон, шахсони саховатпеша ва собиқ хатмкунандагон мебошад.