Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ таъмири ҷорӣ ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби таҳсил ва дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” таъмири ҷорӣ бо мусоидати мақомоти маҳаллӣ ва кумитаи падару модарон дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Восеъ муташаккилона ҷараён дорад.Ҳадаф аз гузаронидани таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбияи хонандагон мебошад. Падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар ҳамаи самтҳои пешбурди таълиму тарбияи фарзандон кӯмаки худро расонида истодаанд.