ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ НАВИ ҲИЗБӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва дархости шаҳрвандон ҷиҳати аъзо шудан ба ҲХДТ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, бо иштироки муовини  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз  ФҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Кӯлоб  маҷлиси муассисон баргузор гардид. Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иштирокчиёни маҷлисро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, бо овоздиҳии иштирокдорон онро тасдиқ намуд.  Зикр гардид, ки дар асоси моддаи 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳолати ба қайд гирифтани 5 нафар аъзои ҳизб дар муассисаву корхонаҳо ва метавон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дод. Оид ба ин масъала иштирокчиён баромад карда, пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуданд.

Дар идомаи маҷлиси муассисон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Бонки Эсхата" таъсис дода шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии аъзои ҳизб Ганҷинаи Сайвализода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб гардид. Дар идома аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба нафарони нав ба сафи ҳизб шомилшуда супорида шуд. Оид ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор кабул карда шуда, ба Кумитаи иҷроия пешниҳод мегардад. Сипас, аз ҷониби муовини раиси Кумита иҷроия Саймуминзода Фирӯз масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд: нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар-Ватан”, пешгирии ҷавонон вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва поккорӣ дар доираи аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!”; эълони ҷойи кор дар НБО “Роғун” ; самаранок истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ. Дар охир аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсиси “Бонки Эсхата” ваъда доданд, ки дар корҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ саҳмгузорӣ менамоянд.