ҒАМХОРИ НАМУДАН БА МАЪЮБОН АЗ ХИСЛАТҲОИ НЕКИ ИНСОНИСТ.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
 
Абдураҳмони Ҷомӣ: Кумак ба маъюбон ва ятимону бесарпаноҳон аз амалҳои олии инсонӣ буда,барои ниёзмандон дар баробари кумак ҳамчун дилбардорӣ ва барои ятимону маъюбон чун ҳамдардӣ ҳисобида мешавад. Дар асоси нақша ва чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгири Мақомоти иҷроияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар санаи 7-уми июли соли 2023 ба як қатор маъюбон кумаки яквақтаина ва дастархони идона ороста карданд. Бояд қайд намуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлатамон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.