ЗАНОН ДАР ТАЪМИНИ ЗАХИРАИ МАВОДИ ХӮРОКА МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ДОРАНД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Данғара ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” бо занони хонашин дар бораи захираи дусолаи маводи хӯрока ва омода намудани ҳамагуна консерваҳо аз заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҷамоати шаҳраки Данғара корҳои фаҳмондадиҳи гузарониданд. Масъулин дар вохӯрӣ ба ҳар яки онҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз наздик суҳбат оростанд.